Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ баргузор гардид

Октябрь 29, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Минск  таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, зимни ҷаласа натиҷаҳои нишастҳои Шурои сарвазирон, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷамъбаст ва вазифаҳо барои амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои қабулшуда ва тавофуқоти бадастомада муайян гардиданд.

Намояндагони доимӣ  роҷеъ ба рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба татбиқи ташаббусҳое, ки сарони ҳайатҳо дар ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои иқтисодии ИДМ марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣ баён доштанд,маълумот дода,  инчунин Барномаи чорабиниҳо барои солҳои 2023–2025 вобаста ба татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкории Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Комиссияи иқтисодии Авроосиёро ба эътибор гирифтанд.

Шуро номзадии Игор Петришенко, муовини аввали Котиби генералии ИДМ-ро ҷиҳати роҳбарии Ҳайати мушоҳидон ИДМ дар интихоботи ғайринавбатии вакилони Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 30 ноябри соли 2025 дар назар аст, тасдиқ намуд. Ҳамчунин, зимни ҷаласа маълумот дар бораи дурнамои ҳамкории ИДМ бо иттиҳодияҳои интегратсионӣ дар Африқо шунида шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Октябрь 29, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд