Дар шаҳри Роғун бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Октябрь 31, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва шиносномаи давлат ба рушди устувори ҷомеа, таъмини амният ва ҳаёти орому ободи мамлакат замина гузоштааст. Қабули ин санади тақдирсоз  яке аз рӯйдодҳои муҳим  дар таърихи давлатдории навини тоҷикон буда, заминаи устувори рушди давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро фароҳам овард. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиш ба ифтихори 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки татбиқи муваффақонаи меъёрҳои Конститутсия ба пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва болоравии эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намуд.

Ҳамоиш дар доираи тақвияти корҳои идеологӣ,  бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла»  доир шуда, дар он оид ба мафҳум ва таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули ин санад маълумот дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллат, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Ба андешаи иштирокдорон,  бо гузашти солҳо наслҳои нав дарк менамоянд, ки Конститутсия воқеан бахтномаи миллати мо ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани талаботи  он  ҷомеаро боз ҳам хушбахт ва давлатро пешрафта мегардонад.

Таъкид гардид, ки донистани Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зиракии сиёсии ҳар шахсро тақвият мебахшад. Дар асоси зиракии сиёсӣ шахс масъулиятшинос шуда, вазифаи шаҳрвандиро хуб анҷом дода метавонад.

Ҳамчунин гурӯҳи корӣ  оид ба илмомӯзию забономӯзии хонандагон дар замони муосир, навоварию ихтироъкорӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар соҳаи энергетика, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа мубодила афкор намуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Октябрь 31, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад