Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд намоиш — фурӯши ангишт доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 то 31 октябр дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ва Зафаробод намоиш-фурӯши ангишт доир гардид. Дар ин хуусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Намоиш-фурӯши ангишт бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини талаботи аҳолӣ бо ангишт дар мавсими зимистон, инчунин тибқи банди 3.2-и нақша-чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026» баргузор шуд.
Ҳадаф аз ташкили намоиш-фурӯш таъмини саривақтии аҳолӣ бо маводи сӯзишворӣ, танзими нархи бозор ва дастрасии беҳтари сокинон ба ангишти ватанӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






