Дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳ гирифторӣ ба бемориҳои шадиди рӯда зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то сентябри соли 2025 дар мамлакат гирифтории аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ 13,6 фоиз зиёд шудааст. Инчунин дар ин давра ба бемориҳои шадиди рӯда 11 ҳазору 981 нафар гирифтор шудаанд, ки нисбат ба соли 2024 122,0 фоиз зиёд гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бемориҳои рӯда боиси дарунравии шадид мегарданд. Нишонаҳои ин беморӣ дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошанд. Инчунин фишори хун паст шуда, набз тез- тез мезанад. Даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар фасли тобистон барои пешгирии бемориҳои дарунравӣ ва сари вақт табобат намудани беморон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 1227 нуқтаи регидрататсияи (обнӯшонии) даҳонӣ ва 2 115 кат ташкил намуд.
Омили асосии дарунравӣ микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст пайдо мешаванд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар дунё дар кӯдакони то 5-сола тақрибан 110 миллион ҳолати дарунравии сабук, 10 миллион ҳолати дарунравии миёна ва 9 миллион ҳолати шадиди сироятии ротавирусҳо пайдо мешавад.
Ба тавсияи табибон, иммунизатсия самараноктарин роҳи ҳифзи кӯдакон аз сирояти ротавирусӣ мебошад. Тоҷикистон дар минтақаи аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чордаҳумин давлат аст, ки аз соли 2015 ваксинаи зидди ротавирусиро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид намудааст. Тибқи тақвими миллӣ, тамоми кӯдакон дар 2-моҳагӣ ва 4-моҳагӣ бар зидди сирояти ротавирусӣ эм карда мешаванд.
Бояд хотиррасон намуд, ки истеъмоли ғизо ҷисми инсонро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарурӣ таъмин мекунад. Инчунин дар баъзе ҳолатҳо ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот низ метавонад сабаби пайдо шудани бемории дарунравӣ гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






