Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»

Октябрь 20, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хусусан ҳуқуқи занон яке аз масъалаҳои калидӣ буда, ҷойгоҳи хос дорад. Чунин гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ афзуд, ки ин сафари нахустини расмиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳадафаш тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳуқуқи инсони Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар Ҷидда ба имзо расидааст. Дар доираи ин санад ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳукуқи инсони Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият меёбад.

Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон доир ба вазъи ҳуқуқу озодии инсон дар Арабистони Саудӣ ва дастовардҳои кишвараш дар ин самт, хусусан ҷойгоҳи занон, таҳсил, кор ва дар маҷмуъ фаъолияти онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ ва дигар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Арабистони Саудӣ иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки солҳои охир бо тадбирҳои андешидаи роҳбарияти мамлакати Арабистони Саудӣ мавқеи занон дар Арабистони Саудӣ хеле баланд бардошта шуд. Ин раванд ба фаъол гардидани нақши занон дар рушду пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд. Далели ин ба фаъолияти соҳикборӣ машғул будани ҳудуди 30 фоизи занони саудӣ мебошад.

Раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зимни посух ба саволҳои хабарнигорон иброз намуд, ки дар доираи сафари расмии дурӯзааш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот мекунад. Зимни он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, манфиатҳои оила, занону кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон, инчунин ба роҳ мондани табодули таҷриба ва омӯзиши амалия дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар масоили мубрами ҳамкориро, ки марбут ба ҳуқуқи инсон мебошанд, баррасӣ менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид