Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба Федератсияи Русия барои дастгирии соҳаи маорифи Тоҷикистон изҳори сипос менамоем»

Октябрь 9, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Мо ба Федератсияи Русия барои дастгирӣ дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба забони русӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, инчунин барои сохтмони панҷ мактаби раванди таҳсилашон ба забони русӣ изҳори сипос менамоем»,-чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни изҳороти матбуотӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин.

«Ман ҳамчунин ба муҳтарам Владимир Владимирович барои дастгирӣ ва мусоидат дар сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намудам», — изҳор доштанд Сарвари давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати идома додани омодасозии мутахассисонро барои соҳаҳои театр ва синамо дар муассисаҳои пешбари таълимии тахассусии Русия муҳим шумориданд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар масъалаи дастгирии табодули академӣ, ташаббусҳои муштараки таҳқиқотӣ ва баргузории форумҳои зиёиёни эҷодкор ва аҳли илм ба созиш расидем.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд