Федератсияи Русия ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 800 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ мефиристад
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия соли 2025 ҷониби Русия тасмим гирифтааст, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон 800 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ фиристад. Ин иқдом дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Федератсияи Русия (“Просвещение”) амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Ин китобҳо, ки барои синфҳои 3-4 пешбинӣ шудаанд, аз ҷониби нашриёти маъруфи русии «Просвещение» таҳия ва ба табъ расонида мешаванд. Ҳадафи асосӣ аз интиқоли ин китобҳо — мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар зинаҳои ибтидоии таҳсилот ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи дарсии замонавӣ мебошад.
Китобҳо ба муҳити иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуда, барои истифода дар ҳама мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, ки дар онҳо омӯзиши забони русӣ ба роҳ монда шудааст, равона карда шудаанд.
Ба ҳолати моҳи сентябри соли 2025 беш аз 118 ҳазор нусха аз шумораи умумии китобҳо ворид гардидааст. Қисми боқимондаи китобҳо дар марҳилаи чоп қарор дошта, пас аз анҷоми чоп тибқи нақша дастрас карда мешаванд.
Ин иқдом ҷузъи муҳими ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия дар самти илм ва маориф буда, дар баробари дигар ташаббусҳо, аз ҷумла таъсиси мактабҳои русизабон ва омӯзиши кадрҳои соҳаи маориф заминаи мустаҳками ҳамгироии таълимии ду давлатро фароҳам меорад.
Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.
Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ намуд. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд






