ФУТЗАЛ. 4 октябр бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» мубориза мебаранд.
Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал аз соли 2019 ба роҳ монда шудааст ва ҳар сол байни чемпиони мамлакат ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон баргузор мегардад.
Аввалин бор ин мусобиқа соли 2019 баргузор гардида, дастаи «Сипар» ғолиб омада буд. Солҳои минбаъда «Соро компания» ва «Истиқлол» бештар аз дигарон ба финали Суперҷом роҳ ёфта, рақобати шадид доштанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






