Хонандагони Хуҷанд ба омӯзиши нозукиҳои илми робототехника ва зеҳни сунъӣ фаро гирифта шуданд

Октябрь 11, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 10 октябр дар Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби мутахасисони варзидаи хориҷӣ оид ба азхудкунии нозукиҳои илми робототехника ва зеҳни сунъӣ (AI) машварати омӯзишии сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Машварат дар асоси қарордоди ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии робототехникии «Роботек» -и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар ин чорабинии муҳими таълимӣ беш аз 20 хонандаи Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ» ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Тибқи иттилои директори Литсейи инноватсионии «Ҷавонӣ»  дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода, омодасозии хонандагон барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ дар самти робототехника ва зеҳни сунъӣ (AI) аз ҳадафҳои асосии машварати омӯзишӣ буд.

Дар соли таҳсили 2025-2026 дар давлатҳои Италия, Амрико, Сингапур ва Қазоқистон баргузории олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ оид ба робототехника дар назар дошта шудааст.

Машварат ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои амалӣ равона гардида, тафаккури техникӣ ва эҷодии хонандагонро  рушд медиҳад.

Ин машварат иқдоми муҳим дар самти татбиқи  «Барномаи давлатии рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» мебошад.

 АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Октябрь 11, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад