Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад

Октябрь 9, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои асосии тақвияти ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бар мегирад.

Роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амният, рушди устувор ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд