Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Октябрь 9, 2025 14:20

09.10.2025, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Муҳтарам Владимир Владимирович, бори дигар Шумо ва ҳайати расмии Федератсияи Русияро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Имрӯз мулоқоту музокироти пурмуҳтаво ва созанда баргузор гардиданд, ки зимни онҳо мо доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем.

Муколамаи мо, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд, бори дигар сатҳи баланди муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Русияро тасдиқ менамояд.

Дар ин замина мо ба идома додани муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун изҳори ҷонибдорӣ намудем.

Мо афзоиши устувори ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро зикр намудем.

Ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳким бахшидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуногунсамтсозии муомилоти молӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин, масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пеш аз ҳама, ин самтҳо соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ ва коркард, инчунин металлургияи ранга мебошанд.

Мо, ҳамчунин, алоқамандии худро ба ҳамкории сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ баён намудем.

Ҳамзамон, мо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аҳамияти махсус медиҳем.

Дар масъалаи фаъол гардонидани робитаҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба мувофиқа расидем.

Дар асоси тавофуқоти нави бадастомада мо зарурати ҳарчи зудтар амалӣ намудани Созишнома оид ба таъсиси Парки саноатиро дар Тоҷикистон таъкид кардем.

Ҳамзамон ба аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкории байниминтақавӣ ишора карда шуд.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол тақрибан 80 субъекти Федератсияи Русия бо минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон созишномаҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ доранд.

Дар самти гуманитарӣ мо ба масъалаҳои илму маориф ва фарҳангу санъат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудем.

Бо қаноатмандӣ афзоиши бурсияҳои давлатиро аз ҷониби Федератсияи Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон зикр намудем.

Мо ба Федератсияи Русия барои дастгирӣ дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба забони русӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, инчунин барои сохтмони панҷ мактаби раванди таҳсилашон ба забони русӣ изҳори сипос менамоем.

Ман, ҳамчунин, ба муҳтарам Владимир Владимирович барои дастгирӣ ва мусоидат дар сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ баён намудам.

Дар ин замина мо зарурати идома додани омодасозии мутахассисонро дар соҳаҳои театр ва синамо дар муассисаҳои пешбари таълимии тахассусии Русия таъкид намудем.

Ҷонибҳо дар масъалаи дастгирии табодули академӣ, ташаббусҳои муштараки тадқиқотӣ ва баргузории форумҳои зиёиёни эҷодкор ва аҳли илм ба созиш расидем.

Зарурати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи наздикшавии мардумони мо, бахусус ҷавонон, таъкид гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки солҳои охир шумораи сайёҳони аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда афзоиш ёфтааст.

Дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Вазъи минтақа муфасал баррасӣ гардида, ба таҳдиду хатарҳои терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуд.

Аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳоро барои муборизаи самаранок бо ин таҳдиду хатарҳо таъкид намудем.

Ба ҳамёрии ҳамоҳангшуда ва судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар баҳои баланд дода шуд.

Зарурати таҳкими ҳамёрӣ дар соҳаи омодасозии кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус, инчунин мутахассисони ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ таъкид гардид.

Дар баробари ин, мо доир ба таҳкими ҳамёрӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар онҳо кишварҳои мо мавқеи наздик доранд, мубодилаи афкор анҷом додем.

Аз рӯйи мулоқоту музокирот бастаи муҳими санадҳои дуҷониба оид ба соҳаҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ҷумла, санадҳо дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки онҳо заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи ҳамёриро дар ин самт таҳким мебахшанд, ба имзо расиданд.

Дар ин замина таъкид гардид, ки ҳамкории ҷонибҳо дар масъалаҳои муҳоҷират дар фазои созанда пеш меравад.

Мо омодагии муштараки худро барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ дар ҳамаи самтҳо ва татбиқи тавофуқоти бадастомада тасдиқ намудем.

Итминон дорам, ки натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия такони нав хоҳанд бахшид.

Ин натиҷаҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак вусъати тоза бахшида, барои уфуқҳои нави ҳамёрии моро мушаххас мегардонанд.

Октябрь 9, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Нишасти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия
Маросими имзо ва табодули санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия
Музокироти васеи сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Русия
Оғози сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва маросими истиқбол дар Қасри миллат
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд