Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд

Октябрь 9, 2025 16:50

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ имкон медиҳанд то масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, мавқеи ҷонибҳо оид ба самтҳои калидӣ ҳамоҳанг гарданд.

Сарони давлатҳо ба рушди устувори муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода, ба баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон изҳори омодагӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла “сабз” ибрози омодагӣ карда шуд.

Аз рушди мусбати робитаҳои байниминтақавӣ ва ҷоннок гардидани робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба масъалаҳои ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Зарурати идома додани табодули илмию фарҳангӣ таъкид гардид.

Дар анҷоми мулоқот сарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамкории судманди Тоҷикистону Узбекистонро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд.

Изҳори бовар карда шуд, ки иқдомҳои муштараки амалишаванда, ба нафъи мардуми ду давлати бародар хизмат хоҳанд кард.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев 09.10.2025

Октябрь 9, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон