КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 28.10.2025./АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик ба марҳилаи нави таърихии инкишофи худ ворид гардида, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои амиқ ба вуҷуд омад. Дар навбати худ ин дигаргуниҳо зарурати қабули Конститутсияи нави мутобиқ ба замон ва шароити нави таърихиро, ки яке аз омилҳои асосии суботи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа маҳсуб меёфт, ба вуҷуд овард. Чунин омадааст дар мақолаи Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Баҳриддин САФАРЗОДА, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст. Дар идомаи мақола номбурда чунин изҳори назар намудааст:
— Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав дар иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993, № 836 ҳайати нави комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.
Комиссияи мазкур дар асоси тавсияҳои мутахассисону донишмандон, пеш аз ҳама, дастуру ҳидоятҳои арзишманди Раиси комиссия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд ва он тибқи қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид.
Баъдан, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 июни соли 1994, № 974 лоиҳаи мазкур, аз ҷумла бо назардошти таклифу дархости мардум маъқул дониста шуда, ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шуд.
Ҳамин тариқ, 6 ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар ҳаёти сиёсии халқи тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ба ифтихори он ҳар сол дар ҷумҳурӣ ин рӯз ҳамчун Рӯзи Конститутсия ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Ин Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Дар он падидаҳои нав, аз қабили соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, мақсадҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии давлат инъикос гардиданд.
Тибқи муқаррароти Конститутсия, дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст.
Конститутсия дар баробари ин ки ба сифати санади сиёсӣ дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян месозад, ҳамзамон ҳамчун Қонуни олии давлат замина ва сарчашмаи асосии ташаккул ва такмили қонунгузории кишвар мебошад. Он қувваи олии ҳуқуқӣ ва амали мустақим дошта, ҳамчун қонуни олии давлат Конститутсия ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, доираи салоҳият ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.
Тибқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Эътибори олии ҳуқуқӣ доштани меъёрҳои Конститутсия тақозо менамояд, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсия ва барои амалӣ шудани он қабул карда шуда, амали мустақими он заминаи муҳими таъмини қонунияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани ин приннсипи конститутсионӣ дар даврони истиқлолият дар кишвар қонунҳои зиёд қабул карда шуда, Тоҷикистон соҳиби қонунгузории миллии худ гашт.
Инкишофу пешрафти ҷомеа, раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ зарурати ба Конститутсия ворид намудани тағйирот ва ба он илова намудани меъёрҳои нави ҷавобгӯ ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад. Рушди устувору босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ ин талаботро тақозо намуда, барои боз ҳам такмил додани меъёрҳои Конститутсия замина фароҳам овард. Ин аст, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ се маротиба: 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳар як ин тағйиру иловаҳо ҷомеаи Тоҷикистонро ба марҳилаҳои навбатии рушду инкишофи худ ворид намуда, дар маҷмуъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам мукаммал гардонданд.
Аз ҷумла, дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 дохил карда шуд, дар кишвар парламенти касбии доимамалкунанда — Маҷлиси Олӣ — мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз ду Маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт.
Дар асоси тағйиру иловаҳои 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи ҷумҳурӣ воридгардида инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ дониста шуд, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид, ҳизбҳои сиёсӣ чун унсури таркибии низоми сиёсии кишвар шинохта шуданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд чун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ эътироф шуда, ҳуқуқи ҳар шахс ба баррасии парванда дар суди босалоҳият, мустақил ва беғараз эълон гардида, тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забонӣ манъ шуд, ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббии пулакӣ, ҳуқуқи шахс ба таҳсили умумии асосии ройгон дар муасисаҳои таълимии давлатӣ ва таҳсили ибтидоӣ, касбӣ, касбии миёна ва олӣ пешбинӣ шуданд.
Тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ воридшуда аз ном ва матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «Сарқонун» дар қавсайн хориҷ карда шуд. Инчунин, ба моддаи 1 Конститутсия қисми 2 чунин илова карда шуд, ки шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад. Меъёри мазкур бори дигар воқеияти сиёсии Тоҷикистонро, ки он ҷумҳурии президентӣ мебошад ва Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунандаро дорост, мустаҳкам намуд.
Ё ин ки бо назардошти таҷрибаи талхи таърихӣ, ки ҳизбҳои хусусияти динидошта дар мисоли ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати ислом бо суиистифода аз эътиқоди динии шаҳрвандон мақсадҳои ҷинояткоронаи худро пардапӯшона амалӣ менамуданд, қисми шашуми моддаи 8 Конститутсия дар таҳрири нав қабул карда шуда, тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шуд.
Ҳамин тариқ, тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида мазмуну мӯҳтавои Конститутсияро боз ҳам такмил доданд ва барои рушду такомули низоми сиёсии навини ҷомеа, такмил ва таҳкими қонунгузории ҷорӣ мусоидат намуданд.
Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ меъёри асосии муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна озодӣ қонун аст. Аз ин ҷост, ки қонун омили асосии татбиқи принсипҳои озодӣ, адолат ва баробарӣ буда, ҳар фард масъул аст, ки танҳо дар доираи талаботи муайяннамудаи Конститутсия ва қонунҳои кишвар, ки заминаи асосии таъмини волоияти қонун мебошанд, рафтор намояд.
Баҳриддин САФАРЗОДА,
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавиз хушкмеваи фоидабахш ва серғизо буда, аз витаминҳо бой аст
ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?






