КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд

Октябрь 17, 2025 13:06

ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз соли 2011 то инҷониб, яъне дар 9 моҳи соли равон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми  917 миллиону 213 ҳазору 103  сомонӣ ба  1 миллиону 762 ҳазору 149  оилаи камбизоат кумакҳои унвонии иҷтимоӣ расонида шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кафолати кумакҳои иҷтимоии Агентии давлатии ҳизфи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрафтор Абдурасулова хабар дод.

Бояд гуфт, ки дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманд тавассути расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шакли нави пардохти кумакпулии иҷтимоӣ буда, ба тариқи нақдӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ва маъюбон дода мешаванд.

17 октябр Рӯзи ҷаҳонии аз байн бурдани камбизоатӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадафи он паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар байни аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Ба сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоёти давлат ҳамеша аз рӯйи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхус пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор баҳо дода мешавад. Дар ҷумҳурии мо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз 24 феврали соли 2017 ва қарорҳои дахлдор вобаста ба он ба оилаҳо ва шаҳрвандоне, ки тибқи арзёбии вазъи моддию маишӣ ва некӯаҳволии онҳо мақоми камбизоатӣ гирифтаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт карда мешавад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири мамлакат- ин мусоидат намудан ба коҳиши вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ҳамзамон муҳайё намудани шароите, ки ба ин қишри ҷомеа имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад, ба шумор меравад.

Шуруъ аз 1 январи соли 2025 андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои як оила ва шаҳрванди камбизоат барои дувоздаҳ моҳ ба андозаи 11 (ёздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва иловатан ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар як кӯдаки то 16-сола, ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як оилаи камбизоат, ки дар ҳайати худ ду ва зиёда шахси маъюб дораду дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ё мактаб-интернатҳо фаро гирифта нашудаанд ва ду нишондиҳандаро барои ҳисобҳо барои пиронсолони аз 80-сола болои аъзои оилаи камбизоат, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд ва ба муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта нашудаанд, ташкил медиҳад. Барои дувоздаҳ моҳ дар соли 2025 миқдори он 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 825 сомониро дар бар мегирад, ки ҳар семоҳа ба андозаи 25 фоизи андозаи муқарраршуда пардохт карда мешавад.

Татбиқи механизми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ яке аз самтҳои калидӣ ба шумор рафта, ба иттилои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар шаш моҳи сипаригардида зиёда аз 171 ҳазор хонавода аз ин навъи кумак баҳраманд гардиданд. Ҳамзамон ба зиёда аз 112 ҳазор оила пардохтҳои яквақтаина дода шуд, ки ҳаҷмашон беш аз 67 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин дастгирӣ ба гурӯҳҳои махсусан осебпазир, аз ҷумла оилаҳои серфарзанд, оилаҳои дорои шахсони маъюб ва пиронсолон равона шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар сиёсати  инсонпарваронаи  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маҳсуб мешавад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Дар мамлакат асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони маъюб тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи ветеранҳо», ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, ба монанди «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Консепсияи рушди хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Тавре Гулрафтор Абдурасулова иттилоъ дод, дар айни замон шумораи умумии шахсони дорои маъюбият дар ҷумҳурӣ тақрибан ба 171 ҳазор нафар расидааст, ки аз инҳо беш аз 35 ҳазор  нафар кӯдаконанд. Баҳри дастгирии ин қишри ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин робита дар шаш моҳ соли равон аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ зиёда аз 1 миллион шаҳрванди мамлакат баҳраманд шудаанд, ки нисбат ба соли 2024 қариб 600 ҳазор нафар бештар мебошад. Ин нишон медиҳад, ки сохторҳо тавонистаанд имконияти худро густариш диҳанд ва ба эҳтиёҷоти гурӯҳҳои гуногун посух гӯянд.

Тибқи омори пешниҳоднамудаи Агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои дастгирии қишри осебпазири мамлакат  соли 2020-   69 миллиону 934 ҳазору 475 сомонӣ ба 215 ҳазору 538 оила, соли 2021- 105 миллиону 565 ҳазору 800 сомонӣ ба 187 ҳазору 650 оилаҳо, соли 2022- 111 миллиону 236 ҳазору 184 сомонӣ ба 220 ҳазору 484 оилаҳо, соли 2023- 93 миллиону 136 ҳазор 565 сомонӣ ба 214 ҳазору 998 оила, соли 2024- 189 миллиону 336 ҳазор сомонӣ ба 195 ҳазору 341 оила ва дар 9 моҳи соли равон 173 миллиону 502 ҳазор сомонӣ ба 196 ҳазору 107 оила кумак расонида шудааст.

Бояд гуфт, ки бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои боло бурдани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат тамоми тадбирҳо анешида шуда, сол то сол шароити иқтисодию иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 иброз дошта буданд, ки «агар ба ду даҳсола таваҷҷуҳ кунем, соли 1999  сатҳи камбизоатӣ 83 фоиз буд. Давоми ин солҳо Ҳукумати мамлакат бо тадбирандешиҳо тавонист онро 62 фоиз поён биёрад, ки ин дастоварди назаррас аст».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат супориши махсус доданд, ки сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз кам карда шавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Октябрь 17, 2025 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Дар Душанбе оид ба риояи дурусти қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид