Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 баррасӣ гардид.
Таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” хусусиятҳои фарқкунанда дошта, дар он як қатор муқаррароти нав ва тағйирот пешбинӣ карда шудааст.
Гуфта шуд, ки дар заминаи рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 65,0 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2025 15,5 миллиард сомонӣ ё 31,2 фоиз зиёд ва ба 33,3 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2026 баробар мешавад.
Дар буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 29, 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 15,1 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Чунин хароҷоти зиёд ба ин соҳаҳо, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, нишона аз таваҷҷуҳи баланди Ҳукумати кишвар ба рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ гардид.
Доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 ва лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2027-2028 вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода гузориш дод.
Таъкид карда шуд, ки барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ 52 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 36 созишномаи қарзии амалкунанда ва 16 созишномаи дар сатҳи мувофиқасозӣ қарордоштаро дар бар мегирад.
Ҳадаф аз таҳияи барнома амалӣ намудани назорати дахлдор дар самти ҷалби маблағҳои қарзии хориҷӣ ба Тоҷикистон ва роҳ надодан ба андӯхти назоратнашавандаи қарзи берунӣ мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дастур доданд, ки барои дарёфти роҳу василаҳои афзун намудани даромад ба буҷети давлатӣ, аз ҷумла тавассути тезонидани раванди рақамикунонӣ, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҳама соҳаҳо ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар гузаргоҳҳои сарҳадию гумрукӣ, чораҳои иловагии муассир андешида шавад.
Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030 вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода гузориш дода, аз ҷумла иттилоъ дод, ки барномаи мазкур бо мақсади идома бахшидан ба низоми самарабахши дастгирӣ ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, баланд бардоштани самаранокии таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, ҳамгироии неруҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, таҳия гардидааст.
Дар кори маҷлис, ҳамчунин, дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдара ва номгузорӣ намудани он, дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Хуталон” гузориши шахсони масъул шунида шуд.
Дар фароварди кори маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии барномаҳои давлатӣ, татбиқи Қонунҳои амалкунанда ва дигар супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Дастурҳои дигар, ҳамчунин, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳо дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, ҷамъоварии беталафи меваю сабзавот, захираи кофии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дода шуд.









Супоришҳои қатъии Пешвои миллат доир ба афзун намудани истеҳсоли семент
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд






