Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид, ки зимни он масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм, пайванди кулия ва протезкунии пайвандҳо метавонанд ба идомаи ҳамкории ҳарду давлат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшанд.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми нуҳ моҳи соли 2025 барои такмили ихтисос 61 табиб барои омӯзиш ба даврҳои кӯтоҳмуддат, 5 табиб ба барномаҳои дарозмуддати fellowship ва 1 нафар ба резидентура ба Ҷумҳурии Исломии Эрон равона гардиданд. Дар се соли охир 242 мутахассиси тоҷик дар муассисаҳои пешрафтаи Эрон аз омӯзиш гузашта, 60 нафари дигар ба даврҳои кӯтоҳмуддат фиристода мешаванд.
Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор намуд, ки риштаҳои илмӣ-таълимӣ бо донишгоҳҳои илмҳои тиббии Шероз, Теҳрон, Машҳад, Шаҳид Биҳиштӣ ва созишномаҳои амалкунанда бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино густариш меёбанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат, ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






