Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид

Октябрь 21, 2025 13:36

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид, ки зимни он масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм, пайванди кулия ва протезкунии пайвандҳо метавонанд ба идомаи ҳамкории ҳарду давлат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшанд.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми нуҳ моҳи соли 2025 барои такмили ихтисос 61 табиб барои омӯзиш ба даврҳои кӯтоҳмуддат, 5 табиб ба барномаҳои дарозмуддати fellowship ва 1 нафар ба резидентура ба Ҷумҳурии Исломии Эрон  равона гардиданд. Дар се соли охир 242 мутахассиси тоҷик дар муассисаҳои пешрафтаи Эрон аз омӯзиш гузашта, 60 нафари дигар ба даврҳои кӯтоҳмуддат фиристода мешаванд.

Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор намуд, ки риштаҳои илмӣ-таълимӣ бо донишгоҳҳои илмҳои тиббии Шероз, Теҳрон, Машҳад, Шаҳид Биҳиштӣ ва созишномаҳои амалкунанда бо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино густариш меёбанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат, ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 21, 2025 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад