Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст

Октябрь 16, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Меҳргон – ҷашни қадимии ниёгонро бо шукуҳи хосса таҷлил менамоянд. Дар ин робита андешаҳои коршиносону муҳаққиқон дар хусуси таърих ва аҳамияти ин ҷашни аҷдодӣ пешниҳод карда мешавад. Мақолаи навбатӣ ба ин мавзуъ бахшида шудааст.

— Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, табдилдиҳандаи гармӣ ба сардӣ, ҷашни захиранамоии маҳсули яксолаи парваридаи деҳқон, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундории кишоварз мебошад.

Меҳргон ҷашни миллии бостонии тоҷикон буда, муаррифи фарҳанги кишоварзӣ ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар мадди аввал, дар арафаи таҷлили ин ҷашн аҷдодонамон ба унсурҳои оташу ҳавою замин эҳтиром мегузоштанд ва бад-ин васила фарҳанги кишоварзро тарғиб менамуданд. Чунки табиату замин рамзҳои муқаддас маҳсуб мешуданд.

Шакли таҷлили Меҳргон бозгӯкунандаи тарҳи ҳамзистию ҳамкории осоиштаи мамлакатҳо ва халқҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ мебошад. Меҳргон ҳамчун ҷашни аҷдодӣ аз хурофот ё дину идеология берун буда, воқеиятро инъикос медорад. Тамоилҳои он мардумро ба ҳувияту худшиносии миллӣ ва баҳамоии мардум ҳидоят менамоянд. Ба дигар маънӣ, дар ҳар нукта як хусусият, як арзиши волои фарҳангӣ ва як рукни муҳими ба ҳамзистию ҳамкорӣ даъват кардани инсонҳоро ифода меёбад.

Дар фарҳанги гузаштаамон Шаҳриваргон нишоне аз анҷомёбии тобистон ва оғоз шудани рӯзҳои сардӣ ба ҳисоб мерафт. Махсусан, барои кишоварзон ва боғпарварон он вақти захира намудани дастоварди ба ранҷ ва заҳмат парварида, ҷашни сари хирман, ки давраи бод кардани коҳ ва ҷудо намудани зироати донагӣ аз он мебошад, маҳсуб мешуд.

Дигар хусусияти хоси ин ҷашн он буд, ки сарватмандон ба қишри бенавои аҳолӣ кумак мерасониданд, ба онҳо ғизо медоданд, то онҳо хушнуд шаванд. Зеро хушнудии раият ин хушнудии шаҳриёрони куҳани мардуми ориёӣ ба ҳисоб мерафт.

Меҳргон иртибот ба фариштаи меҳр дорад, ки ӯро дар китоби муқаддаси «Авесто» Митро меноманд. Мувофиқ ба боварҳои мардумӣ ин ҷашн рӯзе баргузор карда мешуд, ки подшоҳи пешдодӣ — Фаридун бар парварандаи неруи нопок ва зишти аҳриманӣ — Заҳҳок пирӯз омада, дар кӯҳи Дамованд ӯро ба банд мекашад ва тоҷи шаҳриёрии Эронзаминро бар сар мениҳад.

Хусусияти хоси ин ҷашнро, пеш аз ҳама, дар чунин нуктаҳо месазад нишон дод:

Гузаштагонамон ин ҷашнро рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳр мутобиқ ба солшумории куҳан ва даҳуми моҳи меҳрмоҳ бо солшумории имрӯза (дуюми октябр) таҷлил мекарданд. Он маъниҳои меҳр, муҳаббат, самимият, рамзи дӯстию бародарӣ, ризоият, ҳамдилӣ ва ғайраро ифода мекард.
Таҷлили он шаш рӯз давом карда, рӯзи аввали онро «Меҳргони омма» ва рӯзи охиринашро «Меҳргони хосса» меномиданд.
Суннатҳои ин ҷашн бо баёни якчанд таомули дорои хусусияти инсонгароӣ риоя карда мешуданд:

— мардумон дар ин рӯз либоси нав ба бар карда, худро зебову ороста мегардониданд. Яъне либосҳои миллии худро муаррифӣ менамуданд. Ин таомул ифодакунандаи он маънӣ мебошад, ки насли имрӯз низ аз либоси миллии худ ҳимоят кунанд ва аз майл ба фарҳанги бегона худро боз дорад;

— барои болидахотир гардидан ба ҳамдигар орзуҳои нек мекарданд ва ҳадяҳо медоданд;

— дасторхони идона ороста, онро бо ҳафт дона муруд, хӯшаи ангури сафед, себ, биҳӣ, нилуфар, шакар ва лимӯ оро медоданд. Ба дигар шакл, рӯзи Меҳргон мардум дастархоне аз матои сурх ороста мекарданд ва онро бо нонҳои аз зироати ҳамон сол парварида оро медоданд. Аз ҳафт анвои зироат: гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепухтанд. Гоҳо шумораи навъи зироат ба дувоздаҳ ҳам мерасид;

-агар дар рӯзи баргузории ҷашни Меҳргон дар хонае аз мардум тифли навзод таваллуд шавад, ба хотири эҳтиром ва арҷ гузоштан ба ин ҷашн ба номи ӯ вожаи меҳрро зам мекарданд. Аз қабили: Меҳрнӯш, Меҳрин, Меҳрдод, Меҳрнигор, Меҳрангез, Меҳрбону ва ғайра;

Бобоҷон САМИЕВ,
мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 16, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд