Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд

Октябрь 21, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо мақсади бе мушкилӣ сипарӣ намудани фасли зимистон ва таъмини фаъолияти муназзаму самарабахши соҳаҳои гуногун тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд, ки яке аз калонтарин беморхонаҳои вилоят аст, барои хуб гузаронидани фасли зимистон аз нақша зиёд ангишт захира ва маркази гармидиҳии муассиса барои фаъолият пурра омода карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхона дорои 12 шуъбаи ташхисию табобатӣ ва 290 кат буда, тамоми утоқҳо тавассути маркази гармидиҳии худӣ гарм карда мешаванд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилоят дар фасли зимистон бо гази табиӣ гарм карда мешавад. Корҳои омодагӣ дар маркази гармидиҳӣ анҷом ёфта, дар ин муассиса низ маводи хӯрокворӣ, ангишт ва лавозимоти зарурӣ захира гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 ситоди вилоятӣ таъсис дода шудааст.

Дар ин замина ба захираи ангишту ҳезум, ба кор даровардани дегхонаҳо ва марказҳои гармидиҳӣ, таъмиру оинабандии иншоот ва иҷрои дигар тадбирҳои муҳим таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

Октябрь 21, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд