Оид ба нақши дипломатияи тоҷик дар таҳкими сиёсати хориҷӣ конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши дипломатияи тоҷик дар таҳкими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз гардид, ки дипломатияи тоҷик ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии давлат дар ташаккули равобити дӯстона, ҳамкорӣ ва суботи минтақавӣ нақши муассир дошта, таҳқиқи илмии таҷрибаи 30-солаи он барои насли ҷавон аҳамияти хосса дорад.
Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва густариши таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Дар конфронс олимон, донишмандон ва коршиносон атрофи масъалаҳои муҳим, аз ҷумла мавзуъҳои «Дипломатияи тоҷик: аз анъанаҳои таърихӣ то сиёсати хориҷии муосир», «Мавқеи геостратегии Тоҷикистон дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ», «Сатҳи баланди ҳамкории минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ» мубодилаи афкор намуданд.
Зимни конфронс таҷрибаи дипломатияи сайёҳӣ ва зарурати рушди ҳамкории илмӣ ва фарҳангӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми конфронс ба иштирокчиёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






