Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгор фарди меҳварии соҳаи маориф буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Далели ин гуфтаҳо дастури охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳия ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» мебошад. Вобаста ба дастгириҳои ҳамешагии омӯзгорону масъулияти бардӯшдоштаи онҳо ва бахшида ба Рӯзи омӯзгорон (5 октябр) хабарнигори АМИТ «Ховар» бо омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Бунафша Сарҳадова ҳамсуҳбат гардид.
«Дар ҳақиқат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд доранд. Ба андозаи муайян зиёд шудани маоши омӯзгорон далели ин гуфтаҳо аст. Махсусан дар арафаи соли нави таҳсил зиёд шудани маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ барои омӯзгорон далели боэътимоди ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон мебошад», -иброз дошт Бунафша Сарҳадова.
Бунафша Сарҳадова мегӯяд, ки дар 34 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ навсозӣ ва таъмиру тармим шуда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин шуданд. Ин, пеш аз ҳама, нишонаи ғамхорӣ ба аҳли маориф, бахусус омӯзгорон мебошад. Омӯзгорони имрӯза бо нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба стандартҳои давлатӣ, китобҳои дарсӣ ба муосиртарин воситаҳои таълимӣ ва шабакаҳои замонавии иҷтимоӣ дастрасӣ доранд ва дар раванди таълим аз он самаранок истифода мебаранд. Ин омил мусоидат ва далолат бар он менамояд, ки сатҳу сифати таҳсил баланд бардошта шуда, таълимгирандагон ба навоварию ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ, забономӯзӣ бештар ҳидоят карда шаванд ва насли наврасро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия ва ба камол расонанд.
«Имрӯз қариб дар ҳама муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои шеърхонӣ, ҳунарҳои зебо ва ғайра барои хонандагон фаъол мебошанд, ки хонандагон бо хоҳиши худ метавонанд ба онҳо пас аз дарс ҷалб гарданд. Вале ин завқи кӯдаконро волидайн низ бояд дастгирӣ карда, аз пешрафту комёбӣ ва ё баръакс, аз нокомии кӯдакони худ хабардор бошанд ва бо омӯзгорон якҷоя камбудиҳоро бартараф намоянд. Падару модарон бояд доимо аз вазъи саводомӯзии фарзандон бохабар шуда, аз рӯи имкон дар дарсҳо иштирок намоянд. Зеро ҳама дастовардҳо ва қаҳрамонии фарзандони миллати тоҷик натиҷа ва самараи заҳматҳои шабонарӯзии падару модарон ва баъдан омӯзгорон мебошад. Ба воя расонидани инсони комил бе меҳру муҳаббат ва дастгирии падару модар ғайриимкон аст»,-таъкид намуд Бунафша Сарҳадова.
Омӯзгори ботаҷриба иброз медорад, ки падару модароне ҳастанд, ки фарзандонашонро бо тамоми техникаю технологияҳои муосир, мошину телефонҳои мобилӣ, зару зевари духтарона таъмин намуда, фикр мекунанд, ки бо ин роҳ фарзандонашон хонда, таълиму тарбияи дуруст мегиранд. Вале афсӯс, ки бештари чунин нафарон аз таълим дур монда, ба худнамоишдиҳии беҳуда машғул мешаванд. Аз ин рӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» истифодаи телефонҳои мобилиро дар муассисаҳои таълимӣ манъ карда, ба зиммаи падару модарон уҳдадориҳои зиёде низ гузоштааст.
«Тарбияи фарзанди баору номус ва ватандӯсту поквиҷдон вазифаи падару модар, омӯзгорон ва ҷомеа мебошад. Ҳар фарзанди тоҷик бояд донад, ки миллати соҳибтамаддуни мо аз қадим бо одобу рафтори намунавӣ ва тарбияи хуб маълуму машҳур буд. Итминони комил дорам, ки имрӯз насли навраси мо ба расму оин, таъриху фарҳанги худ арҷ гузошта, арзишҳои миллиамонро пос хоҳанд дошт. Дар ин роҳ мо, омӯзгорон ва падару модарон бояд дастҷамъона саъю талош намоем»,-бо боварӣ мегӯяд омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Бунафша Сарҳадова.
Рушду ояндаи ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобастагии амиқ дорад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек, пеш аз ҳама, нақши омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузург аст. Бо ин мақсад ва бо дастуру супоришҳои Сарвари давдлат омӯзгорон ҳамеша дастгирӣ меёбанд. Зеро ҳавасмандии моддиву маънавӣ — ин омили дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, интихоб ва татбиқи шаклу усулҳои самарабахши таълим ва беҳдошти сифати таълим ба шумор меравад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи байналмилалӣ ба фаъолият оғоз кард
СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
ҚУДРАТИ ИЛМӢ — КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА АМНИЯТУ СУБОТИ ҶОМЕА. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст






