Омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар Федератсияи Русия табодули таҷриба намуданд

Октябрь 14, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 14.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 11 октябр дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия 25 нафар кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ дар шаҳри Барнаули Олтой табодули таҷриба намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Чунин ҳамкорӣ дар доираи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин солҳои охир сатҳи нав касб намудаанд, ба роҳ монда шудааст.

Мақсади асосии сафари хизматӣ аз шиносоӣ бо низоми муосири идоракунии соҳаи маориф, таҷрибаи амалии татбиқи технологияҳои муосир дар таълим, усулҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҳамчунин татбиқи барномаҳои рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимии вилояти Олтой иборат буд.

Дар доираи таҷрибаомӯзӣ вохӯрии ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода бо директори Донишкадаи таҳсилоти иловагии назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия Лидия Веретенникова баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, нақша ва барномаҳои таълимии даврҳои бозомӯзӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон дар самти робототехника ва идоракунӣ, инчунин идораи дастгоҳҳои бесарнишинро дар раванди даврҳои такмили ихтисос мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ бо фаъолияти Парки технологии Кванториуми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия шинос гардид. KVANTORIUM модели комилан нави таълимӣ ва муҳити беназирест, ки барои суръат бахшидан ба рушди кӯдакон дар соҳаҳои гуногуни таҳқиқоти илмӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ шудааст. Дар он кӯдакон имконият пайдо мекунанд, ки идеяҳои лоиҳаҳои омӯзишӣ ва таҷҳизоти баландсуръати технологиро таҳия ва амалӣ намоянд.

Дар доираи таҷрибаомӯзӣ вохӯрии ҳайат бо намояндагони мақомоти баландпояи Олтой баргузор гардида, ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории ҷойдошта ва рушди минбаъдаи он мубодилаи афкор намуданд.

Зимни мулоқот аҳамияти ҳамкории амалии Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф хуб арзёбӣ гардид. Намунаи беҳтарини ин ҳамкорӣ  фаъолияти 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштарак, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ҳисобида шуд.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф

Октябрь 14, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид