ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сармо аҳолии мамлакат бояд ба зимистонгузаронӣ сари вақт омодагӣ бинад. Омодагии дуруст на танҳо барои таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, балки барои ҳифзи саломатӣ ва пешгирии мушкилоти фасли зимистон низ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ шаҳрвандон корҳои заруриро пеш аз оғози сардшавии ҳаво бояд анҷом диҳанд, то зимистон бе мушкилӣ сипарӣ гардад.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз аввали моҳи октябри соли равон мутахассисони кумита дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба гузаронидани зимистони солҳои 2025–2026 шуруъ намуданд.
Омодасозии хона ва шароити зист
Яке аз самтҳои асосии омодагӣ ба фасли зимистон- ин гарм нигоҳ доштани хонаҳо ва таъмини устувории системаи гармидиҳӣ мебошад. Пеш аз ҳама, тавсия дода мешавад, ки шаҳрвандон системаи гармидиҳии худро, новобаста аз он ки гармкунакҳои барқӣ ё бухориҳо чӣ гуна мебошанд, аз назар гузаронанд ва ҳолати техникии онҳоро тафтиш намоянд.
Дару тирезаҳои кӯҳна бояд таъмир карда шаванд, то воридшавии ҳавои сард пешгирӣ гардад. Ҳамчунин боми хона, лӯлаҳои обгузар ва ҷӯйборҳо тоза ва омода бошанд, зеро дар сармо ях бастани онҳо метавонад боиси вайроншавиашон гардад.
Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ, хусусан сокинони деҳот, минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ хоҳиш менамоянд, ки пеш аз фасли зимистон ба ҳолати роҳҳои селфаро, ҷӯйборҳо ва каналҳо диққат диҳанд. Тавсия дода мешавад, ки баргҳо ва хасу хошокҳои ҷамъшударо аз болои бом ва заминҳои наздиҳавлигӣ сари вақт тоза кунанд, то аз бориши зиёд боми хонаҳо зарра набинад ва деворҳо аз намии зиёд фурӯ нараванд.
Либоси гарм — шарти муҳими ҳифзи саломатӣ
Дар фасли зимистон либоси мувофиқ ва гарм аз омилҳои асосии ҳифзи саломатӣ ба шумор меравад. Табибон тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон либосҳои пашмӣ, кӯлоҳ, дастпӯш ва пойафзоли гармро пеш аз оғози сардиҳо омода кунанд. Зеро ҳангоми нобаҳангом сард шудани ҳаво он метавонад ба шумо кумак кунад. Барои кӯдакон ва пиронсолон, ки аз сармо бештар осеб мебинанд, либосҳои ғафстар тавсия дода мешавад.
Захираи ғизо ва доруҳои зарурӣ
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки ҳар оила дар хона бояд миқдори муайяни ғизо ва маводи доруворӣ захира намояд. Тақрибан ҳама навъи дорувориро ба муҳлати муайян захира кардан мумкин аст. Аз маҳсулоти ғизоӣ шумо метавонед асал, хушкмева, лӯбиёгиҳо, макарон, биринҷ орд, консерваҳо, мураббо, равған ва чой, инчунин бо истифода аз усулҳои муосир дар айни замон метавон барои се моҳи фасли зимистон сабзавотро ба таври яхкардашуда нигоҳ доред.
Омодагии ронандагон ба фасли сармо
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамзамон барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз фасли зимистон чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд, системаи гармкунии мошинро санҷанд. Ҳангоми сафар намудан дар ин фасл онҳо дар мошин бо худ қисмҳои эҳтиётии зарурӣ, доруворӣ ва лампаҳои равшанидиҳанда бояд дошта бошанд; дар бордони мошин бояд ҳатман сару либоси гарм, фонус, бели хурди сафарӣ, банд барои кашидани мошин, сӯзишвории эҳтиётӣ ва гӯгирд дошта бошанд.
Омодагӣ ба фасли зимистон — на танҳо кори маъмулӣ, балки амали ҳаётан муҳим барои ҳар нафар ва хонадон мебошад. Бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва риояи маслиҳатҳои мутахассисон шаҳрвандон метавонанд мавсими сарморо бе мушкилӣ паси сар намоянд.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад






