Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Қасри фарҳанги деҳаи Пушингро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 24, 2025 09:55

ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар кӯчаи Марказии деҳаи Пушинг бинои нави Қасри фарҳангро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти навбунёд дар масоҳати умумии 1 ҳазору 950 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Қасри фарҳанги муосир дорои як толори калон бо 500 ҷойи нишаст, китобхона ва ҳуҷраҳои машқу тамрин буда, дар он шароити зарурии корӣ барои маъмурият ва  аҳли фарҳанг фароҳам оварда шудааст. Иншооти мазкур ҷавобгў ба талаботи сатҳи муосир сохта шудааст.

Сақфу дару деворҳои Қасри фарҳанг ва толори барҳавои он бо тарҳи замонавӣ, эҳёи ҳунару анъанаҳои волои миллати тоҷик, санъати баланди меъморӣ, аз ҷумла бо гаҷкорию кандакорӣ ва чароғҳои рангаву қандилҳои зебо оро ёфтааст.

Иншооти муосири фарҳангӣ бо имкониятҳои мусоид барои тарбияи истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи санъату  фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият ва рушди қобилияти ҷавонон аз ҷониби соҳибкорони ватандўст  ва  ҷавонмардони асилу бунёдкор дар  ин гушаи  зебоманзари диёр  бунёд гардидааст.

Толори асосие, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 500 ҷойи нишаст буда, барои баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ бо тамоми шароиту имконоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Сохтмони иншооти мазкур бо ҷалби бунёдкорони маҳаллӣ моҳи ноябри соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати кутоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Баробари ба истифода додани ин иншооти муосири фарҳангӣ 50 мутахассиси соҳаи фарҳанг соҳиби кор  гардиданд.

Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати онҳо баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳониро  ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Қасри фарҳанг бо инфрасохтори зарурӣ таъмин буда, барои аҳли фарҳанг ва сокинони ин гўшаи зебоманзари диёр дастоварди намрёни фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад.

Аҳли фарҳанг ва сокинони деҳаи зебоманзари Пушинг ин туҳфаи арзишманди навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва арзи эҳтирому миннатдорӣ пазируфтанд.

Дар паҳлуи Қасри фарҳанг бо мақсади зебову назаррабо гардонидани атрофи он дар майдони 800 метри мураббаъ гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо ниҳолҳои  нодиру  ҳамешасабз ва гулҳои рангоранги мавсимӣ бунёд шудааст, ки дар ҳудуди он шаршара бо баландии шаш метр насб гардидааст, ки сокинон ва меҳмонони деҳаи Пушинг метавонанд ба таври шабонарӯзӣ дар он истироҳату фароғат намоянд.

Бинои Қасри фарҳанг дар як мавзеи зебои деҳаи Пушинг бунёд ёфта, бо шабакаи алоҳидаи гармидиҳӣ ва салқинкунӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди кормандони фарҳанги деҳаи Пушинг баҳои баланд дода, барои интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳаи фарҳанг ва саҳм гузоштан дар рушди фарҳанги кишвар ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.

Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 24.10.2025

Октябрь 24, 2025 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд