Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Русия Владимир Путин Сарвари давлати моро бо Зодрӯзашон самимона табрик гуфта, таманниёти неки худро иброз намуданд.
Бо изҳори миннатдорӣ барои табрикоти гарму самимӣ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки таманниёти неки ӯро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб медонанд.
Дар идомаи суҳбат Сарони давлатҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнидавлатии ду кишварро, ки дар асоси усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ сурат мегиранд, мавриди изҳори назар қарор доданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода ва дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом доданд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






