Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Қазоқистон аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо алоқаманди рушди шарикии стратегию ҳампаймонии давлатҳоямон мебошем”.
Муҳимияти Шартномаи ҳампаймонӣ, ки имкониятҳои нави рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориро миёни ду давлат фароҳам меорад, таъкид гардид.
Гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ба 670 миллион сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда пешсафии Қазоқистонро дар миёни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон собит менамояд.
Барои боз ҳам беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои тиҷорати дуҷониба зиёд намудани номгуйи маҳсулоти содиротию воридотӣ ва фаъолгардонии бештари кори Комиссияи байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.
Ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, сармоягузорӣ, технологияҳои нав, аз ҷумла дар самтҳои “сабз” таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои башарӣ, аз ҷумла маориф ва фарҳанг ҳам аз мавзуъҳои муҳимми суҳбат буд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






