Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ 12 километр роҳи мумфаршу чароғонро ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод ҳамчунин роҳи мумфаршу чароғонгардидаро, ки бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи умумии зиёда аз ду миллион сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хати ҳаракат бо паҳноии 7 метр иборат мебошад ва дар маҷмуъ 12 километрро ташкил медиҳад.
Акнун пас аз ба истифода додани роҳи мошингард, рафтуомади бемамониати нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли молу маҳсулот осон мегардад.
Бунёди роҳ бо мақсади тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳияи Восеъ арзёбӣ мегардад, ки бо иқдоми хайрхоҳонаи шахсони саховатпеша бо сифати баланд сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо қитъаи роҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди роҳ ба рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро дучанд кардааст.
Канори роҳ тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии сокинон мусоидат менамояд.
Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ дар корҳои ободониро амали шоиста унвон намуда, таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид






