Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 14, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ раванди рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

Аз фаъолияти Фонди саудии рушд дар Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Ҷонибҳо барои рушди робитаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ алоқамандии худро иброз доштанд.

Ба ҷоннок кардани фаъолияти василаҳои дуҷонибаи густариши ҳамкорӣ

таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Ҷалби сармояи саудӣ барои амалисозии лоиҳаҳои соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маъданҳо ва энергетика зарур шумурда шуд.

Роҳандозии хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе намунаи хуби ҳамкории кишварҳо номида шуд.

Табодули андеша, ҳамчунин, доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

Мулоқот бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ 14.10.2025

Октябрь 14, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон