РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Рӯзи ҷаҳонии омор маҳсуб мешавад. Дар баъзе давлатҳо ин рӯзро чун иди касбии кормандони омор таҷлил менамоянд. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи омор ба шумор меравад. Зеро баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ мебошад.
Тавре директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳар давлат барои ба таври самаранок ба роҳ мондани сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва қабули қарорҳои дуруст ба маълумоти боэътимоду воқеъбинона ниёз дорад. Дар ин самт мақомоти омори давлатӣ нақши асосӣ мебозанд. Зеро маҳз тавассути омори расмӣ мо метавонем суръати рушди иқтисод, сатҳи зиндагии аҳолӣ, тағйироти демографӣ ва дигар равандҳои муҳими иҷтимоиро таҳлилу баррасӣ намоем.
Ташакули омори расмӣ дар ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2011 бори аввал бо меъёри нав мутобиқи таснифоти байналмилалии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Дар мамлакат аз ҷониби Агентии омор дар солҳои 2000 ва 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзӣ ва соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил муваффақона гузаронида шуд.
«Агентии омор ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010, ки мустақилияти Агентии оморро муқаррар карда, махфӣ нигоҳ доштани маълумоти ба воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ пешниҳодшавандаро кафолат медиҳад, ба роҳ мондааст»,- гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Аз ҷониби Агентии омори мамлакат барои баҳисобгирии пахта механизми нав бо истифода аз калиди рақамии «токен» амалӣ гардидааст. Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, ки пахта яке аз маҳсулоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун ашёи хоми асосӣ дар соҳаи саноати нассоҷӣ нақши ҳалкунанда дорад. Бо мақсади таъмини дурустӣ ва воқеии кишти пахта якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ченаки назорати кишти пахта гузаронида шуд. Дар натиҷа ҳолатҳои мувофиқат накардани маълумоти кишти пахта ба дурнамо ошкор карда шуданд.
«Бо ҳадафи ислоҳи камбудиҳо дар сатми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти оморӣ ва бо назардошти аҳамияти баланди ин соҳа мақомоти омор бо мақсади ба танзим даровардани низоми дурусти баҳисобгирии оморӣ, мукаммалсозии равандҳои ҷамъоварии маълумот ва инъикоси воқеии истеҳсолу коркарди пахта механизми нави баҳисобгирии электронӣ бо истифода аз калиди рақамии «токен»-ро дар корхонаҳои саноатӣ пурра ба роҳ монд. Маълумот бевосита аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ва бе дахолати мақомоти миёнарав ба махзани иттилооти Агентии омор ворид мегарданд, ки ин ба коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ ва эҳтимоли коррупсионӣ мусоидат мекунад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки татбиқи механизм ба таъмини шаффофият дар ҷамъоварии маълумот, мониторинги пурраи раванди қабули пахта, коркард ва содироти он, беҳсозии нишондиҳандаҳои воридоти андоз ва ғанигардонии буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилот, муассисаҳо ва умуман ҳама субъектҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояд ба мақомоти омор ҳисоботи заруриро сари вақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд. Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти омор чун ниҳоди калидии давлатӣ рушду таҳаввулоти назаррас дошт. Бо таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи омор ба марҳалаи сифатан нави фаъолият ворид гардида, имрӯз пешниҳоди омори расмии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон