РОҲ ДОДАН БА МОШИНИ «ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ». «Шаҳри бехатар» қоидавайронкуниро зимни роҳ додан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсус ба инобат намегирад

Октябрь 2, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, фарҳанги баланди муошират байни ронандагон, мусофирон ва пиёдагардон нақши муҳим дошта, на танҳо ҳодисаҳои нохуши нақлиётиро пешгирӣ менамояд, балки танбашавии роҳҳоро низ ба вуҷуд намеорад. Масъалаи асосие, ки дар ин шабу рӯзҳо дар байни мардум нигаронкунанда боқӣ мондааст, сари вақт рафта нарасидани воситаҳои нақлиёти махсус, аз ҷумла мошини «Ёрии таъҷилӣ», «Бозрасии давлатии автомобилӣ» ва мошинҳои сӯхторнишонӣ ба ҷои зарурӣ мебошад. Сокинон шикоят доранд, ки дар аксар ҳолатҳо нақлиёти «Ёрии таъҷилӣ» дар вақти зарурӣ ба хонаи онҳо намерасад, ки яке аз сабабҳои он танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳ мебошад. Ҳол он ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ ронандагон дар навбати аввал бояд ба воситаҳои нақлиёти махсус роҳ диҳанд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Нозири калони гурӯҳи ташвиқоту тарғиботи шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шаҳбоз Саидзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «сабабҳои асосии танбашавӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе зиёд гардидани воситаи нақлиёт, инчунин навсозии баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ҳамзамон риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон мебошанд».

«Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», ронандагони воситаҳои нақлиёти махсус ҳангоми ҳаракат дар роҳ бояд рангҳои фурӯзони шуълавари сурху кабуд ва садоҳои огоҳкунандаи нақлиёти худро, ки танҳо ба воситаҳои нақлиёти махсус тааллуқ доранд, ба кор дароранд»,- иброз дошт Шаҳбоз Саидзода.

Ҳангоми наздик омадани воситаҳои нақлиёти махсус ронандагони дигар воситаҳои нақлиёт бояд фавран хатҳои ҳаракати ишғолнамудаашонро озод намуда, ҳаракати бемамониат ва бехатари ин гуна мошинҳоро таъмин намоянд.

«Дар ҳолате, ки ронандагон хати якуми роҳро барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсус холи намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, бояд донанд, ки ин ҳолатҳо аз ҷониби Маркази идоракунии «Шаҳри бехатар» ба инобат гирифта намешаванд, яъне онҳо дар ин ҳолат ҷарима намесупоранд. Бинобар ин аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки дар чунин ҳолатҳо ба воситаҳои нақлиёти махсус роҳ диҳанд», — таъкид намуд Шаҳбоз Саидзода.

Барои таъмини бехатарии роҳҳо ва самаранокии ҳаракати нақлиёт зарур аст, ки ронандагон ва пиёдагардон маданияти ҳаракат дар роҳҳоро баланд бардошта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд ва ба воситаҳои нақлиёти махсус роҳ диҳанд.

Масъулини Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ронандагони пойтахт талаб менамоянд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти махсус халал ворид насозанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо ронандагони воситаҳои нақлиёт чароғаки роҳнаморо сурх гузашта, ҷони худ ва пиёдагардонро зери хатар гузошта, воситаҳои нақлиёти худро дар хати роҳи дуюм ва сеюм таваққуф менамоянд, ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҷойҳои номуайян мусофир савор мекунанду мефароранд, ки ин боиси танбашавӣ ва ҳодисаҳои нохуш мегардад.

«Ронандагони воситаҳои нақлиёти махсус вазифаи худро сидқан иҷро мекунанд, вале омилҳои сари вақт нарасидани онҳо- монеа эҷод кардани дигар навъи воситаҳои нақлиёт мебошад»,-чунин андеша дорад сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷамолбӣ Салимова.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки ҳамарӯза ҳангоми савор шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ чандин маротиба шоҳиди ҳодисаҳои бо якдигар ҷанҷол кардани ронандагон байни якдигар ва мусофирон шудааст. Ба садоҳои огоҳкунандаи нақлиёти махсус, аз ҷумла мошини «Ёрии таъҷилӣ» беэътиноӣ карданашонро низ борҳо мушоҳида кардааст, ки ин на танҳо аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарданашон дарак медиҳад, балки нишони бефарҳангии онҳо мебошад.

«Имрӯз фарҳанги пасти баъзе ронандаҳо, рафтори номуносиби онҳо ва пиёдагардон касро ба ҳайрат меорад. Ронандаҳои мо то дараҷае асабӣ ва бетоқат шудаанд, ки ҳатто якдигарро эҳтирому таҳаммул карда наметавонанд. Ҳар нафар мехоҳад аввал шуда, самти ҳаракаташро дар роҳ муайян кунад. Онҳо фикри риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳодисаҳои нохуши бар асари мусобиқаҳои пешгузарияшон рухдиҳандаро намекунанд. Ҳар нафар бояд дар хотир дошта бошад, ки тартибот дар роҳ, пеш аз ҳама, аз рафтору амали шахсии ӯ оғоз меёбад»,- афзуд Ҷамолбӣ Салимова.

Сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳасан Шокирзода иброз дошт, ки «дар аксар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар вақтҳои муайяни субҳу шом, ҳангоми ба кору таҳсил рафтану омадан шаҳрвандон ба мушкилӣ дучор мешаванд. Сабаби ин зиёд будани теъдоди мошинҳо ва риоя нагардидани қоидаҳои роҳ аз ҷониби баъзе ронандагон ва пиёдагардон мебошад. Мо, ронандагон ҳар рӯз дар ин маврид фикр мекунем, ки чӣ гуна метавон дар ин вазъ боэҳтиёт, босабр ва масъулиятнок буд».

«Барои мо, ронандагон ҳам дар ин гуна вазъияти роҳҳо мошин рондан осон нест. Мо низ мехоҳем ҷарима насупорем, барои ҷомеа хатар эҷод накунем, аммо дар баъзе ҳолатҳо ғайри хоҳиши худамон сабабгори ягон қонуншиканӣ мешавем»,-мегӯяд ронанда Ҳасан Шокирзода.

Барои ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби ҳайати шахсии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе пайваста амалиёти шартӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад чанде пеш аз ҷониби кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Истгоҳ» гузаронида шуд. Дар доираи он беш аз 300 ронанда тибқи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

«Новобаста аз фаъолияти шабонарӯзии кормандони шуъбаи мо дар самти таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт ҳанӯз ҳам аз ҷониби бархе ронандагон меъёри талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намегардад, ки ин омили ба вуқуъ омадани ҳодисаҳои нохуш мегардад»,-иброз дошт Шаҳбоз Саидзода.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 2, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Машқҳои ҳарбии муштараки «Бародарии шикастнопазир-2025», «Монеа-2025» ва «Иттиҳоди зиддитеррористӣ-2025» анҷом ёфтанд
Дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои ИДМ «Иттиҳод-Антитеррор-2025 баргузор гардид
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар Душанбе Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид
Машқҳои неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои аз байн бурдани манбаъҳои таҳдидҳои биологӣ анҷом ёфт
«АХЛОҚ ВА ТАРТИБОТ». Дар Душанбе фаъолияти 17 маркази дилхушӣ қатъ карда шуд
Дар Самарқанд нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар Тоҷикистон 86 фоиз иҷро гардид
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Прокуророни Тоҷикистон ва Узбекистон масоили мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккилро баррасӣ намуданд
Машқҳои муштараки неруҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои СААД бо номи «Бародарии шикастнопазир-2025» оғоз шуданд
Байни Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории мақомоти прокуратураҳои ҳарбӣ ду Созишнома ба имзо расид