Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Дӯстии деҳоти Кангурт Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бародарон Шамсулло ва Маҳмадзоҳир Соҳибовҳо бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.
Аслан ин муассисаи таълимӣ барои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо назардошти он, ки дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб сохта ва муҷаҳҳаз карда шудааст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ дастур доданд, ки он ба Мактаби президентӣ барои ҷамоатҳои деҳоти Кангурт ва Ҳусейнободи ноҳияи Темурмалик табдил дода шавад. Тибқи супориши дигар ҳамаи омӯзгорону хонандагон бояд тариқи озмун қабул карда шаванд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки дар назди Мактаби президентӣ барои 400 хонанда хобгоҳ ва барои 200 кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ низ сохта шавад.
Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 700 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Бинои таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, 27 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 240 ҷойи нишаст, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хати интернети баландсуръат пайваст, толору майдонча барои бозиҳои волейболу баскетбол, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад.
Китобхона дорои адабиёти зиёди таълимию бадеӣ буда, аз он омӯзгорон ва ҳам хонандагон васеъ истифода менамоянд.
Иншоот ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст ва кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоид ба ташаккули дониши хонандагон мусоидат менамояд.
Синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ низ таъмин гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки “маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он — сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад”, ҳайати омӯзгоронро ба истифодаи хуби имконоти фароҳамшуда ва ба омода кардани кадрҳои дорои дониши баланд ҳидоят намуданд.
Фаъолияти таҷҳизоти мутамаркази гармидиҳии иншоот таъсири манфии фасли сармо ба раванди таълимро пешгирӣ менамояд.
Дар назди муассиса чоҳҳои зеризаминӣ канда шуда, оби ошомиданӣ дар ҳавзи ғунҷоишаш 50 метри мукааб захира мегардад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба ҷалб гардидаанд.
Ифтитоҳи муассисаи таълимӣ як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо ба назар гирифтани афзоиши ҳамасолаи аҳолӣ тасмим гирифта шудааст, ки роҳандозии тадбирҳо барои ба таҳсил фаро гирифтани 1500 хонанда дар ду баст дар ин муассиса шароит муҳайё гардад.
Майдончаи варзишӣ, ки дар назди иншоот сохта шудааст, воситаи хуби ташаккули тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари хонандагон ба тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва боло бурдани завқи онҳо ба варзиш мебошад.
Сабзкории ҳудуди иншоот, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда ба ҳусни муассиса ва ҳам деҳа зебогии дигар зам мекунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи муассисаи замонавии таълимиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд бародарон Соҳибовҳо барои ин иқдоми наҷиб изҳори сипос намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли ҳушманду доно дастуру тавсияҳо доданд.