Се варзишгари навраси тоҷик аз намуди бокс ба даври ниҳоии Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ роҳ ёфтанд

Октябрь 4, 2025 10:12

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр варзишгарони  навраси тоҷик Беҳрӯз Умаров  дар вазни 50 кг, Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг ва Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг  дар доираи Бозиҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷараён доранд, рақибонашон аз  давлатҳои Озарбойҷон ва  Беларусро мағлуб карда, ба даври ниҳоии ин мусобиқаи сатҳи баланд  роҳ ёфтанд.

Тавре шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ медиҳад, мусобиқаи бокс дар доираи Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар  маҷмааи  варзишии шаҳри Левлахи Озарбойҷон баргузор гардида, то 5 октябр идома меёбад. Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров  бар ҳарифи озарбойҷонияш Айхан Ҳасанов ғолиб омада, ба  даври ниҳоии ин мусобиқаи сатҳи баланд роҳ ёфт, Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг бар рақиби беларусӣ ғолиб омада, роҳхати марҳилаи финалиро пайдо намуд.

Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг   бо ҳарифи  озарбойҷонияш рақобат карда, ғолиб омад ва ба  даври ниҳоии  ин мусобиқаи сатҳи баланд  роҳ ёфт.

Варзишгарони дигари навраси тоҷик Амир Назаров  дар вазни 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни 66 кг ва  Амир  Нозимов дар вазни 75 кг,  инчунин Фурӯғ Сарҳадзода байни духтарон дар вазни 66 кг сазовори медалҳои биринҷии Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз намуди бокс гардиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2025 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд