ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, душанбе, 293-юмин рӯзи соли 2025 аст

Дар ин рӯзи соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
***
20 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.
***
15 сол пеш, 20 октябри соли 2010 дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Раёсати кор бо муассисаҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ник Тессиман масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид.
***
20 октябри соли 2011 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид.
***
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия муҳокима карда шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ дар руҳияи инсондӯстӣ, раҳму шафқат ва бо мақсади бахшидани гуноҳҳо дар арафаи 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ меҳмонхонаи нави дуошёна мавриди истифода қарор дода шуд. Меҳмонхона 8 ҳуҷра дошта, тамоми ҳуҷраҳо бо оби гарму сард, яхдон ва дигар асбобу анҷоми муосири маишӣ таъмин аст.
***
20 октябри соли 2023 дар чаҳорчӯби иҷрои тавсияҳои «Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо иштироки 30 давлати Осиё баргузор шуд.
20 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии танзимгарони ҳавоӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии ошпазон.
***
Рӯзи ҷаҳонии омор.