Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд

Октябрь 9, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Москалкова бо ҳайати ҳамроҳонаш бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Татяна Москалкова ва ҳамроҳонаш бо дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, бо масъулини дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи ду мақомот, инчунин дар сатҳи Алянси авруосиёии омбудсменҳо ва Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Тасмим гирифта шуд, ки дар наздиктарин вақт лоиҳаи Нақшаи якҷояи амалҳо барои ду соли оянда таҳия ва татбиқ гардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 9, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид