Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Москалкова бо ҳайати ҳамроҳонаш бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Татяна Москалкова ва ҳамроҳонаш бо дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, бо масъулини дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи ду мақомот, инчунин дар сатҳи Алянси авруосиёии омбудсменҳо ва Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.
Тасмим гирифта шуд, ки дар наздиктарин вақт лоиҳаи Нақшаи якҷояи амалҳо барои ду соли оянда таҳия ва татбиқ гардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






