ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст

Октябрь 7, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки раванди геополитикӣ бо суръат тағйир меёбад, муносибатҳои байнидавлатӣ аз шаклҳои анъанавии дипломатӣ гузашта, ба сатҳи нави ҳамкории минтақавию стратегӣ мерасанд. Кишварҳое, ки тавони идоракунии муколама, миёнаравӣ ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногунро доранд, дар сиёсати байналмилалӣ мақоми махсус касб менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва бо ҳама давлатҳои асосии минтақа робитаҳои дӯстона ва ҳамкоронаи мутавозинро нигоҳ медорад, имрӯз ҳамчун яке аз чунин давлатҳо шинохта шудааст.

— Баргузории ду ҳамоиши бузурги байналмилалӣ — Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 9-10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе далели равшани ин гуфтаҳо аст. Ин ду чорабинӣ, ки бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор мегарданд, Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсию дипломатии минтақа ва ҷаҳони муосир қарор медиҳанд.

Душанбе қаблан низ борҳо мизбони нишастҳои сатҳи баланди байналмилалӣ гардидааст. Баргузории чандин конфронсу саммитҳои муҳими Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва иқлим, ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамоишҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар чорабиниҳои сатҳи олӣ нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси давлати устувор, эътимодбахш ва дорои сиёсати хориҷии хирадмандона шинохта шудааст.

Агар ба таърихи ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки аз ибтидои истиқлолият то имрӯз сиёсати давлатии он бар пояи сулҳ, муколама ва ҳамкорӣ бунёд ёфтааст. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки мамлакат баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба оромӣ рӯ овард, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои боз» ва ҳамзистии сулҳомезро ҳамчун принсипи асосии муносибатҳои хориҷӣ муқаррар намуданд. Маҳз ҳамин сиёсати мутавозин боис гардид, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи васеи байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдори сулҳ ва субот шинохта шудааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчии фаъоли ташаббусҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт. Иштироки Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва якчанд ниҳоди байналмилалии дигар на танҳо мавқеи Тоҷикистонро таҳким бахшид, балки онро ба иштирокдори фаъол дар муҳити сиёсию иқтисодии минтақа табдил дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ҳамкорӣ ҳамеша мавқеи созанда ва миёнаравона доштааст. Таҷрибаи давлат дар барқарорсозии сулҳ, ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва тарғиби арзишҳои ҳамзистии осоишта ҳамчун намунаи нодири сиёсати хирадмандонаи миллӣ эътироф карда шудааст. Аз ин рӯ, интихоби Душанбе ҳамчун макони баргузории ду чорабинии муҳими моҳи октябр тасодуфӣ нест, балки он бар пояи таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст.

Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» шакли нави ҳамкорист, ки барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ байни давлатҳои минтақа ва Федератсияи Русия заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Дар шароити тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ ва зиёдшавии рақобат барои захираҳои табиӣ ва роҳҳои транзитӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкории наздик бо ҳамдигар ва бо шарики стратегие, чун Русия ниёз доранд. Тоҷикистон, ки бо ҳама кишварҳои минтақа робитаҳои устувор дорад, метавонад дар байни онҳо нақши пули пайвасткунандаро бозад.

Аз сӯи дигар, ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе низ аҳамияти сиёсиву таърихии бузург дорад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт, имрӯз ҳамоно яке аз платформаҳои муҳими ҳамгироии давлатҳои пасошӯравӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали узвият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамеша ҷонибдори таҳкими робитаҳо, ҳамгироии иқтисодӣ, густариши ҳамкории фарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати амниятӣ будааст. Ҳамин нақш ва мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боис гардид, ки Душанбе мизбони ҷаласаи сарони ин иттиҳод гардад. Зеро Тоҷикистон дар даҳсолаи охир бо пешниҳоди як силсила ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадҳо нақши фаъолеро дар сиёсати амниятии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бозидааст. Ҳамчунин Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои фарҳангию гуманитарии иттиҳод, аз қабили «Пойтахти фарҳангии ИДМ» саҳми назаррас дорад.

Мизбонии чунин ҳамоишҳо барои Тоҷикистон на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург аст. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мамлакат дар сатҳи баланд тавони ташкилотӣ, фарҳанги дипломатӣ ва сиёсати мутавозини худро намоиш диҳад. Бо назардошти таҷрибаи муваффақи баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба об (2022), саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоишҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Тоҷикистон собит кардааст, ки қодир аст ҳар гуна ҷаласаи сатҳи олӣ ва бо иштироки сарони давлатҳоро дар сатҳи шоиста баргузор намояд.

Ба ҳамин тариқ, интихоб шудани Душанбе ҳамчун макони баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 аз як ҷониб, натиҷаи мантиқии сиёсати хориҷии мутавозин ва созандаи мамлакат аст ва аз ҷониби дигар, далели возеҳи эътирофи байналмилалӣ ва афзоиши нақши Тоҷикистон дар муҳити геополитикии минтақа ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро риштаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо ҳам мепайванданд. Тақдири муштараки таърихӣ, шабакаҳои инфрасохтории муттаҳид, робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва арзишҳои тамаддунӣ шароити хос ба вуҷуд овардаанд, ки дар он ҳамкории мутақобили судманд барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад. Дар ин замина ташаккули платформаи “Осиёи Марказӣ – Русия” ҳамчун шакли нави муколамаи сиёсӣ ва иқтисодӣ падидаи муҳими замони муосир аст.

Тоҷикистон аз оғози таъсиси ин шакли ҳамкорӣ онро яке аз роҳҳои муассири таъмини субот ва пешрафти минтақа меҳисобад. Зеро сиёсати хориҷии мамлакат бар пояи эҷоди муҳити эътимод, ҳамзистии осоишта ва рушди ҳамгироии созанда устувор гардидааст. Саммити навбатии ин қолаб, ки дар Душанбе баргузор мегардад, аҳамияти хос пайдо мекунад, зеро дар он давраи нави муносибатҳои Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар замони пас аз пандемия, тағйироти иқлим ва рақобатҳои геополитикӣ муҳокима хоҳад шуд.

Дар доираи ин саммит масъалаҳои калидӣ, шуруъ аз амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ то ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, илм, технология ва мубориза бо хатарҳои муосир баррасӣ мегарданд. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар маркази роҳҳои транзитии минтақа воқеъ аст, мамлакат метавонад байни бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия нақши муҳими “пули логистикӣ” бозад. Дар ҳамин замина, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба рушди роҳҳои нави нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Узбекистон” ва густариши шабакаи энергетикии минтақавӣ бо пуштибонии Русия метавонад барои ҳама кишварҳои иштирокдор фоидаи стратегӣ дошта бошад.

Саммити “Осиёи Марказӣ – Русия” инчунин имконияти муҳими муколамаи сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳоро дар масоили амниятӣ ба вуҷуд меорад. Тағйирёбии вазъ дар Афғонистон, афзоиши таҳдидҳои терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз қабили масъалаҳое мебошанд, ки наметавонанд берун аз таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа қарор гиранд. Тоҷикистон, ки давоми зиёда аз 30 сол сарҳади тӯлонӣ ва ҳассос бо Афғонистонро ҳифз менамояд, таҷрибаи беназир дар соҳаи таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ дорад. Ин таҷриба, бешубҳа, метавонад дар сатҳи саммити мазкур ҳамчун асоси ҳамкории муштарак пешниҳод гардад.

Аз нигоҳи сиёсати ҷаҳонӣ ташаккули қолаби “Осиёи Марказӣ – Русия”, дар воқеъ, таҷассумгари марҳилаи нави ҳамкории стратегии пасошуравист. Он нишон медиҳад, ки давлатҳои минтақа дигар танҳо ҳамчун объекти сиёсати қудратҳои бузург нестанд, балки ба сифати субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ вориди амал мешаванд. Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи худ дар ин раванд нақши муҳими миёнаравӣ дорад. Сиёсати мутавозин ва диди стратегӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, имкон медиҳад, ки Душанбе ҳам бо Русия, ҳам бо Чин ва ҳам бо кишварҳои Ғарб робитаҳои мутавозин ва судмандро нигоҳ дорад.

Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз нигоҳи таърихӣ ва сиёсӣ аҳамияти кам надорад. Давоми се даҳсола Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун фазои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хизмат кардааст. Бо вуҷуди тағйироти сиёсӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ Иттиҳод тавонист дар муҳити пасошуравӣ ҳадди ақалл як сатҳи ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлатҳоро нигоҳ дорад. Барои Тоҷикистон ин иттиҳод ҳамеша минбари муҳим барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ будааст.

Дар муҳити имрӯза, ки ҷаҳон ба бисёрқутбият мегузарад, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонад ҳамчун шакли нарми ҳамгироии минтақавӣ нақши нав бозад. Тоҷикистон дар ин раванд ҷонибдори таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати амниятӣ ва рушди барномаҳои илмӣ ва фарҳангӣ мебошад. Бо пешниҳоди Тоҷикистон, солҳои охир дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд барномаҳои илмӣ-фарҳангӣ амалӣ гардида, ба ҳамбастагии мардумон ва рушди андешаҳои муштараки фарҳангӣ мусоидат карданд.

Бояд таъкид намуд, ки баргузории ҳамзамони ду чорабинии бузург дар Душанбе рамзи ҳамоҳангсозии сиёсати минтақа бо ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ин падида нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки на танҳо мизбони расмии чорабиниҳо бошад, балки ҳамчун майдони муколамаи воқеӣ ва ҳамбастагии сиёсӣ амал кунад. Маҳз чунин муҳит барои таҳкими дипломатияи бисёрҷониба ва рушди ҳамкории иқтисодии муосир зарур аст.

Ҳамзамон баргузории ин нишастҳо дар Душанбе паёми возеҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад: минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги ҳамгироӣ ва суботи дохилӣ аст, ки бо роҳбарии давлатҳои масъул ва сиёсати хирадмандона метавонад ба шакли нави ҳамкории минтақавӣ табдил ёбад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ чунин ҳамоишҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ, тавсеаи савдо, рушди соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аҳамияти бузург доранд. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони обӣ ва энергетикӣ мебошад, метавонад бо пешниҳоди барномаҳои муштарак дар соҳаи энергетикаи «сабз» ва иқтисоди «сабз» дар таъмини рушди устувори минтақа саҳм гузорад. Пешниҳодҳои қаблии мамлакат дар ин самт, ки аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, имрӯз дар сиёсати минтақавӣ мавқеи ҷиддӣ пайдо кардаанд.

Аз ҷиҳати сиёсӣ ва амниятӣ Душанбе давоми ду даҳсола ба маркази муҳими дипломатияи сулҳ табдил ёфтааст. Баргузории нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар форумҳои байналмилалӣ собит месозад, ки Тоҷикистон имрӯз дорои сатҳи баланди дипломатияи касбӣ ва таҷрибаи ташкили чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Маҳз ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва давлате, ки сиёсати хориҷии устувор ва мутавозинро пеш мебарад, қабул намояд. Барои Душанбе мизбонии нишастҳои сатҳи баланд на танҳо рамзи обрӯ, балки имконияти воқеии таҳкими мавқеи дипломатӣ, афзоиши нуфуз ва пешниҳоди ташаббусҳои нави минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Баргузории ду чорабинии сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо рамзи эътимод ба Тоҷикистон аст, балки нишонаи барҷастаи рушди дипломатияи минтақавӣ ва иқтидори ташкилии мамлакат мебошад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ ва рақобати сиёсӣ ҳамчун майдони ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлатҳо ва таҳкими ҳамгироии минтақаӣ амал намояд.

Таҳлили стратегӣ нишон медиҳад, ки чунин чорабиниҳо барои давлатҳои минтақа имконияти фароҳам овардани робитаҳои судманд, ҳамоҳангсозии сиёсати амниятию иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва технологияҳои муосир мебошанд. Тоҷикистон бо мавқеи географӣ ва сиёсати хирадмандонааш метавонад нақши миёнарави эътимодбахш ва пайвасткунандаи минтақавиро бозад, ки ин барои субот ва рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Аз нигоҳи дипломатӣ баргузории чунин нишастҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон қобилияти модератсия ва роҳбарии ҳамоҳангсозии сиёсатҳои минтақавиро дорад, ки ин ҳамчунин имконияти тақвияти мавқеи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин чорабиниҳо барои рушди робитаҳо бо шарикони стратегии ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Мувофиқи таҳлилҳои илмӣ, интихоб шудани Душанбе ҳамчун мизбон дар сатҳи байналмилалӣ ба якчанд омил вобаста аст: сиёсати хориҷии устувор ва мутавозин, таҷрибаи муваффақи ташкилотчигӣ, сатҳи амнияти дохилӣ ва пойгоҳи инфрасохтории муосир, ки имконият медиҳад чорабинӣ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳайатҳои баландпояи дипломатӣ ба таври комил баргузор гардад. Ин омилҳо барои рушди нуфузи дипломатии Тоҷикистон ва эътимоди шарикони минтақавию байналмилалӣ заминаи боэътимод мегузоранд.

Дурнамои рушди ҳамкорӣ дар оянда низ бар асоси натиҷаҳои ин нишастҳо мусоид ба назар мерасад. Тоҷикистон метавонад ҳамчун платформаи стратегии ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати минтақаӣ барои таҳкими субот, рушди иқтисод ва ташаккули муносибатҳои фарҳангӣ хизмат намояд. Ҳамзамон мамлакат метавонад пешниҳодҳои мушаххас барои рушди инфрасохтор, энергетика, нақлиёт ва технологияҳои навро дар сатҳи минтақавӣ ба роҳ монад, ки ин ба рушди иқтисодии минтақа ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Баргузории ин нишастҳо низ барои Тоҷикистон имконияти арзишманд барои муаррифии сиёсати хориҷии мутавозин ва мустақил мебошад. Он нишон медиҳад, ки мамлакат метавонад ҳамзамон бо кишварҳои шарик муносибат дошта бошад, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд ва дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ саҳми назаррас гузорад.

Ҳамин тавр, аз нигоҳи илмӣ ва таҳлилӣ баргузории чунин ҳамоишҳо барои рушди дипломатияи бисёрҷониба ва ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳо ва роҳҳои амалии ҳамкорӣ метавонад ҳамчун намунаи давлате бо сиёсати хориҷии устувор ва ҳамкории созанда дар минтақа шинохта шавад.

Дар ниҳоят, метавон хулоса кард, ки нишастҳои сатҳи баланд дар Душанбе рамзи тавоноӣ ва иқтидори дипломатии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки мамлакат метавонад ҳамчун миёнарав ва пайвасткунандаи манфиатҳои давлатҳои минтақа ва ҷаҳонӣ амал кунад. Ин қадамҳо на танҳо мавқеи Тоҷикистонро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақа тақвият мебахшанд, балки ба таҳкими амният, иқтисод ва ҳамгироии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ низ мусоидат мекунанд.

Бо назардошти таҷриба ва ҳадафҳои стратегии мамлакат метавон мутмаин буд, ки Тоҷикистон дар оянда низ метавонад ҳамчун майдони муассири ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ нақши муассир ва созанда бозад. Ин раванд боиси афзоиши нуфуз ва эътимоди байналмилалӣ, тақвияти ҳамгироии иқтисодию сиёсӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ хоҳад шуд.

Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Dushanbe-travel

Октябрь 7, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон