ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2504 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 9.2504 сомонӣ;
1 евро – 10.7064 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1146 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 9.2504 то 9.2700 сомонӣ;
1 евро аз 10.7064 то 10.7000 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1146 то 0.1135 сомонӣ.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».