Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»

Октябрь 6, 2025 08:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рушди институти парламентаризм дар низоми сиёсии мамлакат, ки ба тариқи интихобот амалӣ мешавад, нақши муассир ва тавоно дорад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути мақоми олии қонунгузор, ки дар давлати мо яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ маҳсуб мешавад, ба раванди демократӣ, плюаризми сиёсӣ ва гуногунандешӣ ҳамвора мусоидат намуда, мувозинати дар сатҳи баробар иштирок намудани вакилон аз минтақаҳо дар ин мақоми олӣ имкон медиҳад, ки низоми сиёсии мамлакат мутавозин бошад ва рушд намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парвардаи мактаби сиёсии парламент ҳастанд ва таҷрибаи нодири парламентиашон дар раванди фаъолияти сиёсии сатҳи олӣ дар рӯнамоии ташаббусҳои қонунгузориашон нақши амиқ гузоштааст. Пешвои миллат пайваста оид ба мақоми азими Институти парламентаризм дар ҷомеаи демократӣ нуктаҳои арзишманд ва муҳим пешниҳод менамоянд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат иборат аз ду Маҷлис- Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти босамар дар раванди баррасии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қабул ва ба тасвиб расонидани онҳо ва баъдан дар баррасии Маҷлиси миллӣ қарор ёфтани онҳо то марҳилаи охир, яъне имзо намудани онҳо аз ҷониби Президенти мамлакат бозгӯйи муназзами фазои ҳуқуқии мамлакат аст.

Ҳамзамон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фаъолияти мақоми олии қонунгузор ҳамкорӣ бо парламентҳои давлатҳои дигар яке аз қисмҳои таркибии фаъолияти парламент буда, ба рушди муносибатҳо байни давлатҳо, раванди мубодилаи афкор дар заминаи ташаббусҳои ҳуқуқэҷоднамоӣ ва таҷрибаи амалияи ҳуқуқӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меоварад.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- мақоми олии қонунгузории мамлакат ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ бо зиёда аз 70 давлати дунё гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ дошта, ҳамзамон аъзои тамоми созмонҳои бонуфузи ҳамкории байнипарламентӣ мебошад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузи парламентии ҷаҳонӣ узвият дорад ва дар самти ҳамкории парламентӣ нуфузи хосса касб намудааст. Мақоми олии қонунгузории мамлакат-Парламент ба ниҳодҳои зерини бонуфузи ҳамкории байнипарламентӣ аъзои комилҳуқуқ буда, дар қабули қарорҳо овози мустақими худро дорад;

  • Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
  • узви Ассамблеяи парламентҳои Осиё;
  •  Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ;
  •  Парламенти Аврупо;
  •  Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ;
  • Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо;
  • Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ;
  •  Иттиҳоди Парламентии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ;
  •  Форуми Осиёии байнипарламентӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд.

Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) дар густариши ҳамкории байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки Ҷумҳурии мо яке аз аъзои комилҳуқуқи он аст, дар ҳошияи баргузории форумҳо, нишастҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар, сафарҳои омӯзишӣ ва баррасии қонунҳои моделӣ барои ворид намудан ба қонунгузории миллӣ нақши калидӣ дошта, рӯнамоии ҳамкории барҷастаи байнипарлумонист.

Ҳамзамон Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар низоми сиёсии ҷаҳон баромад намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид овози алоҳида ва мавқеи мустаҳкам дорад, ки пайваста аз ҷониби Президенти Тоҷикистон бо манзури ташаббусҳои нав ва баромадҳои қавӣ вобаста ба вазъи геосиёсии ҷаҳон, хатарҳои фаромиллӣ, ташаббусҳо оид ба захираҳои оби соф ва криосфера тақвият дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ- қитъаи аз ҳама сернуфус дар ҷаҳон, қитъаи Осиё, дар мавқеи ҷуғрофии хеле муҳим ва стратегӣ ҷойгир шудааст, ки бо ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ мамлакати мо ҳамчун узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо давлатҳои қитъаи ҳам Аврупо ва ҳам Осиё ҳамкории зич, аз он ҷумла дар заминаи ҳамкории байнипарлумонӣ дорад.

Осиё яке аз қитъаҳои ҷолибтарину ҷаззоби дунёст ва кишварҳояш марказҳои асосии таммадунофар ва тамаддунҳост, ки зиёда аз 4 миллиарду 850 ҳазор миллион аҳолӣ дорад. Ин қитъаи ҷуғрофии сайёра аз ҳисоби ҳудуд, шумораи аҳолӣ ва зичии аҳолӣ калонтарин қитъаи сайёраи Замин буда, якҷо бо Аврупо қитьаи АвруОсиёро ташкил медиҳад, ки 83 фоизи сатҳи ҷаҳон аст ва дар қиёси тамоми қитъаҳои дигари замин Осиё қисмати аз ҳама сернуфустарини аҳолии сайёраро ташкил менамояд. Нуфуси аҳолӣ дар сад соли охир дар қитъаи Осиё тибқи маълумоти омории сабтшудаи ҷаҳонӣ, 4,84 миллиард нафар аст. Афзоиши аҳолӣ дар минтақаи Осиё ва давлатҳои Уқёнуси Ором аз 1,8 то 2,1 фоизро ташкил дода, нишондоди омории баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, нуфуси аҳолӣ пайваста зиёд мешавад.

Вазъи иқлимии бархе аз давлатҳо, хушксолӣ, набудан ва нарасидани оби сифатноки ошомиданӣ, фоизи баланди фавти кӯдакон дар минтақаи давлатҳои алоҳидаи Осиё ва Уқёнуси Ором, нарасидани маводи ғизоӣ ва дар умум набудани хӯроки ғизонок аз омилҳое мебошанд, ки чанд даҳсола зери таваҷҷуҳи хосаи созмонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Дар умум 54 давлати дунё дар қисмати Осиё ҷойгиранд ва аз рӯи таснифоти Созмони Милали Муттаҳид ба чор субминтақа тақсим шудаанд: Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ғарбӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ.

Форуми ҳамкории парламентӣ оид ба нуфус ва рушд яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалиест, ки дар Осиё ва ҳавзаи давлатҳои Уқёнуси Ором соли 1981 бо ташаббуси Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милал Муттаҳид дар раванди Конфронси Осиёгии парламентҳо оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуда, ҳайати роҳбарикунанда дар шаҳри Токио ҷойгир аст ва зиёда аз 32 кумитаи миллии парламентҳои давлати дунё ба он дохил аст.

Маблағгузории фаъолияти Форуми Осиёии ҳамкории байнипарлумонӣ (ФОҲП) аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон доир мешавад ва сохтори намояндагии он бо рӯнамоии вакилон аз 32 давлат иборат мебошад. Ҳайати роҳбарикунанда аз Раиси созмон, чор нафар муовин, 4 нафар раисони кумитаҳо, котиби генералӣ ва Директори иҷроия иборат аст. Дар давраи фаъолияти Форум шахсони бонуфуз ва сиёсатмадорони сатҳи баланд роҳбарии онро ба уҳда доштанд. Собиқ сарвазири Ҷопон Ясуо Фукуда, вазири тандурустӣ, профессор Кэйзо Такеми солҳои дароз раиси ин ниҳоди байналмилалӣ буда, барои густариши ҳамкории байнипарламентӣ, хосса бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ саҳми боарзиш гузоштаанд.

Дар айни замон Раиси ФОҲП собиқ вазири адлия ва сенатор, хонум Ёко Камикава мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун аъзои ин созмон аз кумитаи миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар раванди ҳамкории фаъол дорои мақоми устувор гашта, бо пайванд ба гузоштани заминаи мустаҳкам дар матраҳ ва густарда намудани ҳамкории байнипарламентӣ, хосса вобаста ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, сиёсати гендерӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳими нигаҳдории захираҳои об ва пешгирии тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ бо нақшаи қабули чораҳои қатъӣ ба тариқи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи устувор касб намудааст.

Рӯнамоии фаъолияти хеле густардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар се даъвати вакилони Маҷлиси намояндагон, се муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Хайринисо Юсуфӣ (даъвати панҷуми вакилони Маҷлиси намояндагон, соли 2015), раиси кумита оид ба сармоягузорӣ ба ҷавонон, Дилрабо Мансурӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон (даъвати шашум ва нимаи даъвати ҳафтум солҳои 2020-2023), раиси кумита оид ба сармоягузорӣ ба ҷавонон Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон (нимаи даъвати шашум ва ҳафтум 2025-2030) раиси кумита оид ба об ва тағйирёбии иқлими ин форум интихоб карда шудаанд.

Ҳамзамон боиси фахр аз тарбия ва роҳнамоии кадрҳои соҳибтаҷрибаи мактаби миллии давлатдории мост, ки Директори иҷроияи Форуми осиёии ҳамкории байнипарлумонӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD) ҳамватани мо, доктор Фаррух Усмонов мебошад, ки таҷриба ва собиқаи нодир дар танзим намудани фаъолияти ҳамкории байнипарламентӣ дошта, барои ба сатҳи боз ҳам баланд бардоштани нуфузи форум дастовардҳои олиро касб намудааст.

Форуми осиёии ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун ниҳоди коллективии парламентҳои ин минтақаҳои бонуфуз, яъне Осиё ва давлатҳои Уқёнуси Ором дар қабул ва арзёбии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки пеш аз ҳама, паҳлуҳои ҳуқуқии ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла тавонмандии неруҳои инсонӣ, мувозинати гендерӣ, риояи ҳуқуқҳои асосии инсон, хосса занон ва кӯдакон, доштани шароити мусоид ба ҳаёти шоиста ва доштани оби ошомиданиро ҳамаҷониба бо парламентҳои аъзои форум дар ҳамкории зич мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз нигоҳи дигар, ҳамкории байнипарламентии давлатҳои Осиё ва ҳавзаи давлатҳои Уқёнуси Ором манфиати стратегии мутақобили судманд ба давлатҳои аъзои он дорад.

Пеш аз ҳама, дар масири омӯзиши таҷрибаи қонунэҷоднамоӣ вобаста ба хусусияти фарҳангӣ ва сохтори иҷтимоии миллии давлат фаъолияти пурсамари аъзои он тавассути форум ва конфронсҳои байналмилалӣ, нишастҳои сатҳи баланд, омӯзишҳои амалияи қонунгузории миллии давлатҳо, рӯнамоии санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз доираи ҳуқуқии давлати мушаххас баромада, нуфузи хоса пайдо мекунанд, боиси падидаи нав дар сатҳи ҳамкории байнипарламентӣ дар намоди имплементатсияи ҳуқуқӣ мегарданд, ки ифодаи шакли олии ин ҳамкорӣ аст.

Дар раванди сафарҳои омӯзишӣ, шиносоии бевосита бо мақоми олии қонунгузории давлатҳои макони ҳамоишҳо, бо баргузории вохӯрӣ ва нишаст дар бинои парлумон, бо намояндагони сатҳи роҳбарикунандаи сохторҳои соҳавии танзимкунандаи масъалаҳои марбут ба занону ҷавонон, тандурустӣ, маориф, донишгоҳҳои бонуфуз, шабакаҳои воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланди касбӣ ташкил карда мешаванд.

Таҷрибаи таълифи қонунҳое, ки бевосита барои истифода дар амалияи ҳуқуқии ҷаҳони муосир мақоми арзишманд касб намудаанд ва амалияи он дар фазои ҳуқуқии кишварҳо нақши муассир гузоштааст, дар фазои муколамаи озод рӯнамоӣ гашта, ҳамзамон табодули таҷриба сурат мегирад. Мубодилаи афкор ба таври зинда миёни вакилон аз давлатҳои қитъаҳои гуногуни сайёра, ки ҳар яке забону фарҳанги миллии худро дорад ва ҳамзамон таҷрибаи амалияи қонунгузории ҳамтоёнашонро меомӯзанд, ба онҳо ҷиҳати боло рафтани донишҳои сиёсӣ-ҳуқуқиашон мусоидат менамояд.

Дар раванди омӯзиш бо роҳи муқоиса арзёбии қонунгузории миллӣ дар шакли бастаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самтҳои мухталиф ва ё қонуни алоҳида метавонад ҳамчун намуна дар ташаббуси хуқуқэҷоднамоии минбаъдаи ҳамтоёнамон бо роҳи мутобиқгардонӣ ба хусусияти сирф хусусии қонунгузории миллӣ қабул гардад.

Як қисми таркибии мубодилаи таҷрибаи амалияи қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Форуми осиёии ҳамкории байнипарлумонӣ (AFPPD) дар нишасту мизҳои мудавваре, ки дар давлатҳои гуногун баргузор мегардад ва бевосита аз тарафи форум ва Ҳукумати Ҷопон бо шарикӣ бо СММ Занон, Хазинаи нуфуси аҳолии СММ ташкил дода мешаванд, риояи ҳуқуқҳои асосии инсон, тавозуни гендерӣ, сармоягузорӣ ба ҷавонон, иштирок ва додани имконияти якхела дар сатҳи қабули қонунҳо ба занону мардон мебошад.

Сиёсати гендерӣ ва риояи ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд, новобаста аз миллат, нажод, сатҳи иҷтимоӣ ва ҷинс дар раванди ин муколама мақоми калидӣ дорад.

Дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ, зуд-зуд тағйирёбии вазъи геосиёсӣ, иқлим ва номутаносиб рушд намудани аҳолии сайёра, ки ба нестшавии баъзе аз халқияту миллатҳо оварда расонидааст, масъалаи нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ, нигоҳ доштани сатҳи афзоиши аҳолӣ дар давлатҳое, ки афзоиш дар сатҳи 0,1 поён қарор доранд ва ё нигоҳ доштани тавонмандии занону духтарон дар кишварҳое, ки афзоиши аҳолӣ бо суръати тез боло рафта истода, ҳамзамон занону кудакон ба шароитҳои хуби кумаки аввалияи тиббӣ, шароитҳои шоистаи ҳаёт, нигаҳдории саломатии модару кудак, таъмини сардори оила бо кори доимӣ ниёз доранд, аҳамияти калидӣ доранд.

Дар доираи сафарҳои омӯзишӣ ҷаласаҳои Шурои Форуми осиёии ҳамкории байнипарлумонӣ ва аъзои кумитаҳои он аз намояндагони парламентҳои давлатҳо, рӯзнома ва нақшаи амалҳо вобаста ба рӯзномаи масъалаҳои дар боло зикргардида таҳия мегарданд, ки бояд дар давраи муайяншуда иҷро гарданд. Ҳамкории парламентии мо, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Форуми осиёии ҳамкории байнипарлумонӣ аз соли 2010 вусъат ёфта, дар ин давра даҳҳо форуму конфронсҳо, сафарҳои омӯзишӣ доир гаштааст, ки ҳайати намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он фаъолона иштирок намудаанд.

Дар давраи даъвати шашум ва нимаи аввали соли 2025 конфронс ва мизҳои мудаввар, омӯзиш ва арзёбии санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлатҳои алоҳида бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ дар давлатҳои Мақдунияи Шимолӣ, Австрия, Ҷумҳурии Узбекистон, Малайзия, Ҷопон, ҷазираи Балӣ, Босния ва Герсеговина, Филиппин доир гаштанд.

Дар раванди фаъолияти фаъоли Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ таҷрибаи пешсафи қонунгузорӣ ва барномаҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вобаста ба масъалаҳои демографӣ, баробарии гендерӣ, сармоягузорӣ ба ҷавонон ва саломатии онҳо, норасоии оби ошомиданӣ ва тағйирёбии иқлим мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

Халқияту миллатҳое, ки дар ҳудудҳои давлатҳои минтақаи Осиё зиндагӣ менамоянд, дорои фарҳанги хеле ранга, нодир бо тобишҳои хос ба миллату халқият доранд ва барои нигоҳдории фарҳангу арзишҳои худ асрҳо талош меварзанд. Таҷрибаи давлатдории тоҷикон ҳамчун миллати дорои таърихи давлатдории беш аз 5-ҳазорсола ба ҷаҳониён мероси гаронбаҳои намояндагони ин миллатро дар кулли самтҳо аз илмҳои дақиқ, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, маориф ва асарҳои безаволи олимону классикони сатҳи ҷаҳонӣ додааст.

Ҷаҳонишавии босуръати ҷаҳон марзҳоро зудуда намуда, торафт ба зеҳни ҷавонон таъсири шабакаҳо, хосса шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳама гуна иттилооти экстремистиро, ки таҳаммулнопазирии шадид ба миён меорад ва ҷаҳолат ғолиб ба солимфикрии шахсият мегардад, амиқтар шуда истодааст.

Яке аз роҳҳои нигоҳдории фарҳанги миллӣ таҳия, қабул ва дар фазои ҳуқуқӣ амал намудани бастаи санадҳои меъёрию ҳуқуқие мебошад, ки дар марзи ҳимояи арзишҳои миллӣ истода, аз хурдсолӣ ба ҷавонон беҳтарин намунаҳои арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ дар шакли пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек таҳвил дода мешавад. Дар таҷрибаи амалияи ҳуқуқӣ баъзе аз санадҳои меъёри ҳуқуқии як давлат аз лиҳози амали бесобиқа дар дохили кишвар ва касб намудани шуҳрати хосса ва қабули мутлақ аз тарафи ҷомеа ба фазои ҳуқуқии байналмилалӣ мебароянд.

Дар давраҳои омӯзишҳои таҷрибаи амалияи қонунгузории давлатҳои аъзои форум маҳз рӯнамоии се қонуни миллии мо таваҷҷуҳи намояндагони парламентҳоро ҷалб намуд. Бо дархости намояндагони парламентҳои кишварҳои алоҳида дархост барои омӯзиш ва минбаъд бо роҳи имплементатсияи ҳуқуқӣ ба қонунгузории миллии онҳо ворид намудан тавассути таҳияи он бо мутобиқгардонӣ ба фарҳанги миллиашон карда шуда, ба тариқи электронӣ пешниҳод шуданд.

Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳо ва Пешвои миллат аввалин Сарвари давлат мебошанд, ки ташаббускори ду қонуни миллии муҳташам гардиданд, ки маҳз барои нигоҳдории арзишҳои волои ҷавҳарии инсоният вобаста ба тарбияи кӯдак, нигаҳбонии онҳо дар шароити шоиста, сарфакорона истифода бурдани вақт ва сармоя ва ба тавонмандии зеҳнии фарзандон равона намудани сармояҳои барои ҷашну маросими гаронбаҳо ва то ҳадде дар сатҳи абсурд харҷшаванда равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашта, 2 августи соли 2011 ба тасвиб расид, ки нигоҳдории чунин ниҳоди калидӣ дар ҷомеа ҳамчун оила масъулиятпазирии ҳам волидон ва ҳам фарзандонро мафҳуми асосӣ намуда, тамоми бандҳои он танҳо ба хотири тарбияи насли солим, ба таълим фаро гирифтани онҳо, аз кирдорҳои номатлуб даст кашидан ва ба падару модар вогузор ва иҷро намудани як қатор уҳдадориҳои дутарафаро танзим менамояд. 8 майи соли 2024 вобаста ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ, рушди техгнологияҳои нави замонавӣ ва афкори ҷомеа ин қонун мукаммал гардонида шуд.

Қонуни дигари миллӣ, ки то ҳол дар амалияи қонунгузории ҷаҳонӣ нодир маҳсуб мешавад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аст, ки ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Ин қонун 2 ноябри соли 2022 қабул гардида, пойдорӣ ва тақвияти арзишҳои маънавӣ, ба ҷавонон таҳвил додани арзишҳои волои садоқат, шарофат ва ҳифзи ватанро дар пайванд бо ҳувияти устувори миллӣ ҳамчун арзиши олӣ рӯнамоӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон, ки яке фаъолтарин сарварони давлатҳои дунё бо пешниҳоди 5 ташаббуси ҷаҳонӣ вобаста ба об, иқлим, криосфера, нигоҳдории пиряхҳо, масъалаҳои ҷиноятҳои фаромиллӣ оид ба хатари экстремизм дар Созмони Милали Муттаҳид мебошанд, дар амалигардонии сиёсати дохилӣ ва берунаи давлат ин масъалаҳоро дар сатҳи афзалиятнок гузоштаанд.

Ҳоло Форуми осиёии байнипарламентӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд барои дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ намудани чунин масъалаҳои ҳаётан муҳим барои мавҷудияти худи инсоният — иқлим, оби ошомиданӣ, нуфуси аҳолӣ бо кафолати нигаҳдорӣ ва тавонмандсозии саломатии модару кӯдак ва ҷавонон дар ҳамкории зич бо якчанд созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид ва Хазинаи нуфуси аҳолӣ, Ассотсиатсияи Осиёии нуфуси аҳолӣ ва рушд, Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Фонди мақсадноки Ҷопон, бо парлумонҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Форуми кишварҳои араб оид ба нуфуси аҳолӣ, Форуми кишварҳои африқоӣ оид ба нуфус, Маркази Осиёгии Парлумонӣ, Фонди Ҷайкои Ҳукумати Ҷопон фаъолияти густарда дорад.

Зиёда аз ин форум ҳамчун пул барои ҳамкории зичи байнипарламентӣ амал намуда, давлатҳои ҷаҳонро барои ҳамраъйӣ дар ҳалли масъалаҳои об, иқлим, насли солим, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, сари як миз барои муколама ва қабули нақшаи амали якҷоя сарҷамъ менамояд.

Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (АFPPD) — боз як майдони мубодилаи афкор ва таҷрибаи амалияи ҳуқуқӣ бо 30 кумитаи миллии парламентҳои қитъаи Осиё буда, барои густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамраъйӣ ва қабули нақшаҳои амал барои нигоҳдорӣ ва фароҳам овардани шароити шоиста барои инсоният нақши муассир дорад.

Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкории парламентӣ бо дигар кишварҳои дунё ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ҳифзи онро дар афзалияти аввалиндараҷа қарор дода, ҳамвора барои тақвияти ҳамкории ду ва бисёрҷониба омода мебошад.

Дар доираи ҳамкории байнипарламентӣ ҳайати Парлумони Тоҷикистон аз соли 2011 иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ буда, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин форум хеле пурмаҳсул фаъолият доштанд ва дар конфронсу форумҳо, ҷаласаҳои Шуро, мизҳои мудаввар, омӯзишҳо иштироки васеъ намуда, ҳамзамон ба рӯзномаи нақшаи амалҳо пешниҳодҳо манзур намуданд.

10-11 июни соли 2024 дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «ОБ барои рушди устувор,солҳои 2018-2028» Форуми байналмилалии парламенти КБАР 30 «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» баргузор гардид. Дар он намояндагони парламентҳои 20 давлат ва намояндагони ҳамсозмондеҳони ин форум бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Форуми осиёии ҳамкории байнипарламентӣ, Фонди Созмони Милали Муттаҳид оид ба нуфуси аҳолӣ, Ассоситатсияи осиёии нуфуси аҳолӣ ва рушд ва Фонди ҷопонии мақсаднок иштирок намуданд.

Барномаи конфронс дар 2 рӯз ба тамоми намояндагони парламентҳо имконияти васеъ барои баромад ва мубодилаи афкор дар рӯзи ифтитоҳ ва сессияҳои панелӣ фароҳам овард ва дар қисмати фарҷоми форум Декларатсия оид ба ҳамраъйӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба об ва Ҳадафҳои Рушди Устувори миллӣ қабул гардид.

Дар он бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Маҳмадтоир Зокирзода, муовинон ва вакилони парлумонҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷамъ аз 19 давлати ҳавзаи Осиё, Уқёнуси Ором ва Аврупо меҳмонон иштирок намуданд. Иштирокчиёни конфронс дар 5 бахш бо фарогирии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 400 нафар иштирокчиён аз вазорат, муассиса ва идораҳо 40 баромад оид ба масоили обу иқлим ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, сиёсати гендерӣ, тақвияти тавонмандии инсон шунида шуд. Дар қисмати хотимавии форум Декларатсия оид ба ҳамраъӣ ба ташаббусҳои Пешвои миллат вобаста ба об ва Ҳадафҳои Рушди Устувори миллӣ қабул гардид.

Бо пайванд ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба нигаҳдории захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва нақшаи амалҳо Раиси тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум муҳтарам Файзалӣ Идизода ҳамкории байнипарламентиро тақвият дода, дар ин радиф ба раванди иштироки фаъоли вакилон ва рӯнамоиҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат мусоидати қавӣ менамоянд.

Дар шаш моҳи фаъолияти даъвати ҳафтум вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорбиниҳои сатҳи баланд, конфронс, форумҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Аврупо ва Осиё иштироки фаъолона намуда, дар тавсеа ва густариши дипломатияи парлумонӣ саҳми назаррас доранд.

Соли равон дар кишвари Малайзия ҷаласаи калони Шурои Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ баргузор гардид ва ҳайати нави Шурои ҳамоҳангсоз интихоб ва тасдиқ гардид. Моҳи майи соли равон ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум ва сафари омӯзишии калон дар Босния ва Ҳерсеговина иштирок намуда, дар самти васеъ намудани ҳуқуқҳои занон ва додани имконияти якхела барои рушди оянда дар шакли баромадҳои силсилавӣ ва муаррифии бастаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории миллӣ, ки комилшуда аст, табодули таҷриба намуданд.

Аз 5 то 8 сентябри соли 2025 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисикунандаи гурӯҳи парламентии доимамалкунанда оид ба масъалаҳои иқлими Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ Мавсума Муинӣ ва Зарафо Қиёмзода, аъзои комиссияи экологии Маҷлиси намояндагои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5 Конфронси «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба татбиқи Рӯзнома-2030» иштирок ва оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд, баромади муфассал намуданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои сиёсӣ имрӯз дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ дар рӯзномаи фаъолияти худ баррасии масъалаҳои марбут ба обу иқлимро гузоштаанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори асилу дорои ҳикмати воло ва зеҳни дурбинонаи стратегӣ аз минбарҳои дохилӣ, минтақавӣ то минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид бо назардошти пешниҳод дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ва баромад дар мубоҳисаҳои 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар рӯзномаи баррасӣ ташаббусҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намуда, ҳамзамон вобаста ба татбиқи онҳо нақшаи амали мушаххас низ манзур менамоянд.

Вақт нишон дод, ки ин ташаббусҳо дар вазъи тезтағйирёбандаи имрӯз дар баробари нигоҳдории амнияти дохилӣ, озуқаворӣ ва пешбурди сиёсати берунӣ дар сатри аввали диққати сарварон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор доранд. Ҳамкорӣ ва қабули нақшаи амалҳои муштарак ва амалӣ намудани он дар формати ҳамкории байнипарлумонӣ бо созмон ва форумҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он мебошад, кафолати иҷрои онҳо дар сатҳи олии қонунгузорӣ ҳамчун мақоми таҳиякунандаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт мебошад.

Форуми ҳамкории парламентии Осиё дар ин раванд яке аз шарикони муътамад ва ниҳоди муттаҳидкунандаи ҳамкорӣ байни давлатҳои мустақил дар самти нигоҳдории ҷавҳари мавҷудияти инсоният ва обу иқлим ҳамчун манбаи асосии ҳаёт мебошад.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 6, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст
Маликшо Неъматзода: «Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд»