Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Вазорати адлияи Федератсияи Русия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлия хабар доданд.
Дар машварати мазкур вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои навгониҳо дар фаъолияти вазоратҳои адлияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои узви Созмон дар соҳаи ҳуқуқ ва адолат, рақамикунонии фаъолияти вазоратҳои адлияи кишварҳои узви Созмон мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар натиҷаи машварати мазкур Эъломия ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки машварати навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад






