Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд

Октябрь 30, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Машварати 12-уми  вазирони адлияи давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти раёсати Вазорати адлияи Федератсияи Русия дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлия хабар доданд.

Дар машварати мазкур вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Беларус, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Дар ҷараёни машварат масъалаҳои навгониҳо дар  фаъолияти вазоратҳои адлияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои узви Созмон дар соҳаи ҳуқуқ ва адолат, рақамикунонии фаъолияти вазоратҳои адлияи кишварҳои узви Созмон мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар натиҷаи машварати мазкур Эъломия ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки машварати навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд