VoLTE: ба суҳбатҳои телефонӣ садои комилан тоза зам намоед!

Октябрь 1, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. VoLTE (Voice over LTE) – технологияи пешқадам, ки барои занг задан дар дохили шабакаи 4G/LTE имкон медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки шумо метавонед ҳамсуҳбататонро бо сифати HD шунавед ва аз интернет озодона истифода баред. Ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” технология аз соли 2021 дастрас аст. Ба шумо дар бораи тарзи иҷрои амалҳо маълумот медиҳем.

Панҷ сабаби пайваст намудани VoLTE

Технология ба муштариён чӣ медиҳад? Он якбора якчанд афзалияти калон дорад. Якум – садои комилан тозаи HD Voice. Садодиҳии табиӣ, шунаво ва баланди овоз махсусан замоне намоён аст, ки функсияи VoLTE-ро ҳарду ҳамсуҳбат фаъол карда бошанд.

Афзалияти дуюм – имконияти дар як вақт суҳбат кардан бо телефон ва истифода аз интернети мобилии босуръат мебошад. Ҳангоми суҳбат метавонед видео тамошо кунед, дар паёмрасонҳо муошират намоед, акс ва видео ирсол кунед, файлҳоро боргирӣ карда, онлайн кор кунед. Ин беҳад мувофиқ аст.

Афзалияти сеюм – сарфаи неруи аккумулятор. Даъватҳои овозӣ тавассути шабакаи  4G/LTE анҷом дода шуда, смартфон ба шабакаҳои 2G/3G намегузарад, ки ин сарфи қувваро кам менамояд. Неруи телефон ба муддати дароз мерасад.

Афзалияти чорум – пайвастшавии фаврӣ. Бо VoLTE он ба ҳисоби миёна 1 сония вақт мегирад, дар ҳоле ки дар шабакаҳои 2G/3G 5-10 сонияро ташкил медиҳад. Сарфаи вақт ва канораҷӯӣ аз талошҳои зиёдатӣ!

Ниҳоят, афзалияти панҷум: ҳама омилҳои гуфташуда барои муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрас мебошанд. Илова бар ин, оператор мунтазам иқдом гузаронида, бо бастаҳои интернетии иловагӣ барои истифодаи фаъолонаи VoLTE ҳавасманд мегардонад.

Ҳамин тариқ: оё шумо мехоҳед, ки имконияти пайдо кардани садои тоза, фавран пайваст шудан бо ҳамсуҳбат ва омезиш додани зангҳоро бо интернет дошта бошед? VoLTE-ро пайваст кунед!

VoLTE-ро чӣ тавр фаъол кардан мумкин аст?

Агар смартфони шумо дорои имконияти таъмини садо дар шабакаи LTE ва SIM-корти 4G бошад (ҳамаи инҳо моделҳои маъруфи баъди соли 2018 истеҳсолшуда мебошанд), хизматрасонӣ метавонад ба таври автоматӣ фаъол гардад. Аммо бинобар якчанд сабаб технология худ ба худ на ҳама вақт пайваст карда мешавад. Вале аз ин сабаб худро аз бартариҳои зиёд маҳрум карда наметавонед! Танҳо ба танзимот ворид шавед, сипас “Сеть / SIM-карта” – “VoLTE”-ро интихоб намуда, функсияро фаъол созед.

Тарзи фаъолкунӣ вобаста аз модел метавонад каме фарқ кунад. Аз ин рӯ, муайян мекунем:

  • Samsung: “Подключения” → “Мобильные сети” → “VoLTE”;
  • Xiaomi / Redmi / POCO: “SIM-карты” → “Выбрать SIM” → “Включить VoLTE”;
  • Huawei / Honor: “Беспроводные сети” → “Мобильная сеть” → “VoLTE вызовы”;
  • iPhone: “Сотовая связь” → “Параметры передачи данных” → “Включить LTE” → “Голос и данные».

Агар опсияи VoLTE инъикос наёбад, танзимоти операторро нав кунед: “Настройки” → “Основные” → “Об этом устройстве”.

Таваҷҷуҳ намоед: барои шумо зарур аст, ки на танҳо функсияи VoLTE-ро дар смартфон фаъол созед, балки хизматрасониро аз ҷониби оператор пайваст намоед. Ин амалро тавассути мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ё дар Маркази хизматрасонӣ анҷом додан мумкин аст. Дастурамали пурра бо суроғаи зерин дастрас мебошад.

Садои ниҳоят тозаро шунавед ва ҳамзамон интернетро бо VoLTE аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” истифода баред!

Октябрь 1, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, чоршанбе, 274-умин рӯзи соли 2025 аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» эълон гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «TajBUILD-2025» баргузор мегардад
Раҳматҷон Раҳматов: «МегаФон Тоҷикистон – танҳо оператори телекоммуникатсионӣ нест»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошад
Дар ноҳияи Зафаробод 7 корхонаи қабулу коркарди пахта фаъолият менамоянд
ОЁ МЕДОНЕД? Истеъмоли ангур барои гирифторони иллатҳои дилу гурда ва шуш бештар судманд аст
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сайёҳии Манғистав муаррифӣ гардид