«ЗАБОН ДОНӢ — ҶАҲОН ДОНӢ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 12 равия қадрдонӣ карда шуданд

Октябрь 6, 2025 15:28

ДУШАНБЕ, 06.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар озмун 118 донишҷӯ аз 28 муассисаи таълимии олии мамлакат аз рӯйи 12 забон иштирок намуд.

Иштирокчиёни озмун аз  рӯйи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, ҷопонӣ, куриёӣ, форсӣ, узбекӣ ва ҳиндӣ донишу  маҳорат санҷиданд.

Ғолибон аз рӯйи 12 равия муайян гардида, бо «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода», Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии озмун татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат барои  омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба корҳои тарҷумонӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Октябрь 6, 2025 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид