Замони баргузории бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Октябрь 17, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон  байни дастаҳои Лигаи олӣ 17-19 октябри соли 2025  дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ дастаи  футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар, ки дар 18 бозӣ 37 имтиёз гирифтааст, дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии даври 19-умро дастаи футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар  бояд дар майдони худ бо  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе анҷом медод, аммо ба далели омода шудани дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Конфедератсияи футболи Осиё -2025/26 дар гурӯҳи «D»  бо  дастаи  футболи  «Ал-Завра»-и  Ироқ, ки 22 октябри соли 2025  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад, мавқуф гузошта шуд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 34 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ ҷойгир шудааст. Зинаи сеюмро  дастаи   Клуби марказии варзишии артиши шаҳри Душанбе бо 32 имтиёз аз 18 бозӣ касб намудааст. Тими КМВА-и шаҳри Душанбе  бозии даври 19-умро 19 октябр дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан баргузор мекунад.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 32 имтиёз аз 18 бозӣ зинаи чаҳорумро ишғол кардааст. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар даври навбатӣ рӯзи якшанбе дар майдони худ бо дастаи «Барқчӣ»-и шаҳри  Ҳисор вориди рақобат мешавад.

Ба ин тартиб, дар даврҳои боқимонда мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот байни чаҳор дастаи пешқадам – «Вахш», «Истиқлол», КМВА ва «Равшан» шиддат мегирад.

Инчунин 17 октябр дар се бозии даври 19-ум дастаҳои футболи  «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи меҳмон — «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор, 18 октябр дастаҳои «Эсхата»-и  шаҳри Хуҷанд бо дастаи меҳмон – «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ — рақобат мекунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд