ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити имрӯза дар ҷумҳурӣ дар ҳама ҳолат набояд неруи барқ ба таври ғайримақсаднок ва исрофкорона истифода шавад, зеро истифодаи самараноки неруи барқ дар ҳама зинаҳо- аз нуқтаи истеҳсол то нуқтаи охирини истифода муҳим буда, ба ғанӣ гардидани буҷети хонаводаҳо мусоидат менамояд.
Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия аз ҷаласаи SPARE ибтидо гирифт
11 ноябр Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия эълон шудааст. Ин сана аз он сарчашма мегирад, ки моҳи апрели соли 2008 дар ҷаласаи байналмилалии ҳамоҳангсозони SPARE /Лоиҳаи омӯзишӣ оид ба истифодаи энергия ва ҳифзи муҳити зист барои мактаббачаҳо/, ки дар Қазоқистон баргузор гардид, дар бораи таъсиси ин сана қарор қабул карда шуд. Моҳи ноябри соли 2008 дар ҷаҳон аввалин маротиба Рӯзи сарфаи энергия таҷлил шуда, минбаъд он мақоми байналмилалӣ гирифт.
Сарфаи барқ тадбирандеширо тақозо менамояд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи мамлакат бар он назаранд, ки бо татбиқи усулҳои одии сарфаи энергия дар мавсими сармо ва гармо метавон хароҷот барои гарм ё сард кардани хонаҳои истиқоматию утоқҳои корӣ ва хобгоҳҳоро хеле кам кард. Махсусан, дар фасли зимистон хароҷот барои гарм кардани биною иншоот, новобаста аз шакли фаъолият ва манзилҳои истиқоматию утоқҳои корӣ хеле зиёд мегардад. Босарфаю сариштакорона истифода кардани энергия аз роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳо ва сардорону аъзои оилаҳо дар амал татбиқ кардани якчанд тадбирро тақозо менамояд. Агар ҳар шахс дар самти босарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ тасаввуроти кофӣ дошта бошад ва тибқи он амал намояд, вазъи молиявию иҷтимоияш беҳтар гардида, захираҳои энергетикӣ низ дар мамлакат сарфа карда мешаванд.
Талаботи муосири сохтмонӣ дар самти сарфаи энергия бояд риоя гардад
Зимни сохтмони биноҳо, иншоот ва хонаҳо бояд талаботи муосири сохтмонӣ дар самти сарфаи энергия пешбинӣ карда шавад, зеро биною иншоот ва хонаҳои бо назардошти сарфаи энергия сохташаванда хароҷоти оилаҳоро аз 2 то 10 баробар кам менамоянд. Дар раванди истеҳсоли энергияи барқ маблағҳои ниҳоят зиёд сарф шуда, дар ин соҳа шумораи зиёди кормандон фаъолият доранд. Солҳои охир аз ҳисоби пайвастшавиҳои нав, ба монанди биноҳои баландошёнаи истиқоматию корхонаҳои шакли фаъолияташон гуногун истифодаи энергияи барқ дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад. Исрофкорона истифода кардани барқ аз тарафи мардум, хусусан дар фасли зимистон дар низоми энергетикӣ серборӣ эҷод мекунад, ки ин боиси садамаҳои зиёд мегардад.
Садамаҳо муҳлати истифодаи таҷҳизоти барқиро кӯтоҳ менамоянд
Ҳар садама дар низоми энергетикӣ муҳлати таҷҳизоти барқӣ ё муҳлати истифодаи онҳоро кӯтоҳ менамояд. То барқарор кардани садамаҳо истифодабарандагон дар мавсими сармо бе барқ монда, зарари назарраси иҷтимоӣ мебинанд. Инчунин барои ивазу барқарор кардани таҷҳизот низоми энергетикӣ бояд маблағҳои зиёд хароҷот намояд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон бояд барои бо барқ таъмин намудани биною хона ноқилҳоро дуруст интихоб кунанд ва аз истифодаи ноқилҳои буриши кундалангиашон хурд даст кашанд.
Таҷҳизоти кӯҳнаро тадриҷан бо дастгоҳҳои нав иваз бояд кард
Ғайриқонунӣ, бе иҷозат ва бе шартнома истифода кардани неруи барқ мумкин нест. Берун аз ҳисобгираки барқӣ низ истифода кардани барқ қатъиян манъ буда, таҷҳизоти кӯҳнаро тадриҷан бо дастгоҳҳои нав бояд иваз намуд. Телевизорҳо ва чангкашакҳо, яхдонҳо ва мошинҳои либосшӯйию табақшӯйӣ аз рӯи стандартҳои имрӯзаи сарфаи энергия хеле муфид ҳастанд.
Ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон — чароғакҳои светодиодӣ
Ҳама асбоби барқии маишӣ ба синфҳои самаранокии энергия тақсим карда шудаанд. Дараҷаи баландтарини самаранокии энергетикӣ бо ҳарфи лотинии A, пасттарин — G ишора карда мешавад, ки дар шиноснома ва ё маълумотномаи корхонаи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст. Инчунин ба ҷои фурӯзонакҳои тафсон чароғакҳои светодиодӣ бояд истифода намуд, зеро як чароғи 20-ваттаи светодиодӣ баробар ба як фурӯзонаки 100-ватта рӯшноӣ медиҳад. Яъне, он неруи барқро 5 маротиба камтар истифода менамояд. Бо назардошти он ки истифодаи неруи барқ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз меафзояд, бояд ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани он аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
Иловаҳо ба қонунгузории Тоҷикистон дар самти танзими истифодаи барқ
Дар самти танзими истифодаи неруи барқ моҳи апрели соли 2025 Парлумони Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид намуд. Тибқи он, барои истифодаи неруи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи неруи барқ ва гармӣ бе асбоби зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти неруи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда мешавад. Инчунин барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ карда шудааст.
Ду омил- барои раҳоӣ аз норасоии неруи барқ
Ба андешаи коршиносон, барои раҳоӣ аз норасоии неруи барқ ду омил вуҷуд дорад. Яке афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар зиёд намудани манбаъҳои истеҳсоли энергия ва кам кардани истифода ё сарфакоронаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ мебошад.
Роҳҳои сарфа намудани неруи барқ
Роҳҳои сарфа намудани неруи барқ гуногун буда, кор карда баромадани меъёрҳои хоси истеъмоли барқи аз ҷиҳати илмӣ асоснок, татбиқи технологияҳои каммасрафи барқ ва маҳсулнок намудани истеҳсолот, истифодаи намудҳои алтернативии энергия, аз қабили шамол, Офтоб, биогаз ва ғайра, ташкили дурусти истифода ва дар дараҷаи лоиҳавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои истеҳсолии реҷа ва таҷҳизоти энергетикӣ аз ҳамин қабиланд.
Бояд маърифати сарфакориро омӯхт
Сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ аз ҳар нафар масъулият талаб менамояд. Ҷомеа бояд дар самти истифодаи неруи барқ маърифати сарфакориро азхуд намояд ва ба исрофи беҳудаи ҳар кВт-соат неруи барқ роҳ надиҳад. Шаҳрвандон бояд хуб донанд, ки истеҳсол, интиқол ва тақсими ҳар киловатт-соат неруи барқ осон ба даст намеояд. Аз ин рӯ, сокинонро мебояд, ки ҳаҷми барқи истифодакарда ва маблағҳои барои он пардохтнамударо ба таври доимӣ таҳлил намуда, роҳҳои сарфанамоиро истифода баранд, то ба буҷаи хонавода манфиат ворид гардад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз