35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода Маркази саломатӣ ва толори варзишӣ ба истифода дода шуданд
ТУРСУНЗОДА, 28.11.2025 /АМИТ«Ховар»/. Ба шарафи 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Маркази саломатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд гардидааст. Он дорои утоқҳои корӣ буда, бо таҷҳизоти нави тиббӣ, мизу курсӣ ва ҷевонҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Минбаъд зиёда аз 50 корманди Маркази саломатӣ ба 10 ҳазор сокинони Ҷамоати деҳоти Навобод хизмати тиббӣ мерасонанд.
Бинои нави муассисаи тандурустӣ дорои шароити муосири ташхису табобат буда, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст.
Зимни ифтитоҳи ин муассиса роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба сохтмончиён ва роҳбарияти маркази саломатӣ Сипоснома тақдим намуд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода майдончаи варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Тибқи нақшаи бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бунёду барқарорсозии 459 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. Давоми солҳои 2022-2025 зиёда аз 372 иншоот сохта, ба истифода дода шуд. Дар иншооти боқимондаи ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода













Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






