4 монографияи муштараки олимони Тоҷикистон ва Чин муаррифӣ гардид

Ноябрь 16, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон машварат баргузор шуд, ки дар он нашри 4 монографияи муштараки олимони Тоҷикистон ва Чин муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни машварати илмӣ  президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода изҳор дошт, ки ба табъ расидани нашри чор монографияи байналмилалии дастҷамъона, ки аз ҷониби олимони тоҷик бо ҳамкории ҳамтоёнашон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия шудаанд, барои Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо (2025) аҳамияти калон дорад.

Иброз гардид, ки аввалин монография ба таҳлили равандҳо, омилҳо ва механизмҳои таъминкунандаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон бахшида шуда, монографияи дуюм хатарҳои экзогеодинамикӣ ва таъсири селу ярчҳо дар шароити табиии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Монографияи сеюм ҳолат, мушкилот ва дурнамои захираҳои оби Тоҷикистонро аз дидгоҳи гидрологӣ, лимнологӣ, глятсиологию экологӣ ва монографияи чорум пиряхҳои Тоҷикистон, ҳолати муосир, динамика ва равандҳои тағйирёбии онҳоро бо хусусияти иқлимӣ ва морфологӣ таҳлил менамояд.

«Ин нашрияҳо натиҷаи ҳамкории пурсамари олимони ду ҷумҳурӣ буда, барои таҳкими муносибатҳои илмӣ ва пешбурди таҳқиқот дар соҳаҳои об, гидроэнергетика, экология ва ҳифзи пиряхҳо аҳамияти стратегӣ доранд», -иброз гардид дар машварат.

Дар машварат директори Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони Академияи илмҳои Чин Юанмин Чжан изҳор намуд, ки  нашри чор монографияи муштараки илмию таҳқиқотӣ натиҷаи заҳмати пайвастаи олимони ҳарду ҷумҳурӣ мебошад. Он барои рушди донишҳои нав, лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омӯзиши мушкилоти глобалии муҳити зист заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки ҳар як монография нишондиҳандаи сатҳи баланди касбӣ, таҳлили амиқ ва ҷаҳонбинии васеи муаллифон мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид