АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 2 то 5 ноябр дар мамлакат ҳаво номусоид шуда, борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Сабаби якбора сард шудани ҳаво воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ мебошад.
Рӯзҳои 3 ва 4 ноябр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, дар бештари ноҳияҳо бориши борон, дар баландиҳои зиёда аз ҳазор метр аз сатҳи баҳр бориши борон бо гузариш ба барф дар назар аст.
Инчунин дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 9-11 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Аз 2 то 5 ноябр дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби бориши борон омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 3 то 5 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва 3 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, шимолу-ғарбӣ ба мамлкат ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






