Ҳамкории муассисаҳои олии Тоҷикистон бо муассисаҳои Британияи Кабир тақвият меёбад

Ноябрь 4, 2025 14:59

ДУШАНБЕ, 04.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Коллеҷи донишгоҳии Лондон (University College London – UCL) ва  намояндаи Коллеҷи шоҳии Донишгоҳи Кембриҷ (King’s College, University of Cambridge) — Др. Гиллиан Тетт (Dr. Gillian Tett) вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Дар ин вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамчунин ҷалби таҷрибаи пешқадами таълимии UCL-ро ба низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин перомуни масъалаҳои ҳамкории илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷриба дар самти таҳқиқоти муосир, татбиқи усулҳои пешрафтаи таълимии Донишгоҳи Кембриҷ ва имкониятҳои таҳсил ва табодули донишҷӯён табодули назар намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи гуфтугӯҳо ва таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкории илмӣ ва таълимӣ изҳор дошта, ин мулоқотро қадами муҳиме дар таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 

Ноябрь 4, 2025 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид