Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба таҳкими ҳамкории мардуми минтақа нигаронида шудааст, соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Москва хабар дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Барои таҳкими робитаҳо байни мардумони мо мехоҳам эълон намоям, ки моҳи марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Ин барои тавсеаи робита ва ҳамкории ҷавонони мо платформаи муҳим хоҳад шуд», — таъкид намуд Сарвазири Тоҷикистон.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории башардӯстона байни давлатҳои ин созмон аҳамияти хосса дода, густариши табодули башардӯстона ва тарҳҳоеро, чун «Пойтахти гардишгарии СҲШ» ва «Пойтахти фарҳангии СҲШ» ҷонибдорӣ менамояд.
Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Тоҷикистон соли 2026 раёсати Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда мегирад. «Тоҷикистон саъю кӯшиши худро ба таҷдиди минбаъдаи рӯзномаи иқтисодии ин созмон равона менамояд», — гуфт Сарвазири Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 17-18 ноябр дар пойтахти Русия баргузор шуд. Ин охирин чорабинии раёсати Русия дар Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2024-2025 мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад






