Ҳаракати навбатии пиряхи Деҳдал мушоҳида гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи таҳлили аксҳои моҳворавии санаи 1 то 3 ноябри соли 2025 муайян гардид, ки пиряхи Деҳдал (Дидал), воқеъ дар ҳавзаи дарёи Сурхоб то ба ҳол дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ба ҳисоби миёна давоми се рӯзи охир ба андозаи 72 метр ба поён ҳаракат намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, бо назардошти ҳолати вазъи обу ҳаво дар минтақа ва заминларзаи 3 ноябри соли 2025, ҳолати пирях айни ҳол пешгӯинашаванда арзёбӣ гардида, мониторинги мунтазами он тавассути моделҳои маҳворавӣ амалӣ шуда истодааст. Мушоҳидаҳои моҳворавӣ нишон медиҳанд, ки пирях дар ҳолати номувозинатӣ қарор дошта, ҳаракати он ҳанӯз идома дорад. Ин ҳолат эҳтимоли ба вуҷуд омадани кӯлҳои пиряхӣ ва хатари рахнашавии онҳо, тағйири таркиби оби дарёҳо ва таҳдид ба инфрасохтори поёноб, таъсир ба манбаъҳои оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ, афзоиши хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел ва ярчро дорад.
Ҳаракати пиряхи Деҳдал боз як ҳушдор барои ҷомеа ва сохторҳои масъул буда, он зарурати ҳамоҳангсозии амалҳои илмӣ, идоракунӣ ва сиёсати миллиро дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон бори дигар таъкид менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки бинобар сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар мавсими тобистон ва тирамоҳи соли равон пиряхи Деҳдали ҳавзаи дарёи Сурхоби ноҳияи Тоҷикобод 19 сентябр ва сипас 25 октябри соли 2025 ба ҳаракат даромад. Санаи 27 октябри соли равон зимни гузаронидани корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ аз тарафи мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки аз пиряхи Деҳдал қисми бузурги ях бо андозаи 1300 — 1500 метр дарозӣ, 170 — 200 метр паҳноӣ ва 25-50 метр баландӣ ҷудо шуда, бо суръати 6 метр дар сония ба масофаи 5100 – 5133 метр ҳаракат намудааст.
Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии замони муосир ба ҳисоб меравад, ки таъсири манфии он ҳам ба системаҳои табиӣ ва ҳам ба фаъолияти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ зиёд эҳсос мегардад. Раванди мазкур дорои сабабҳои гуногун буда, ҳам омилҳои табиӣ ва ҳам омилҳои антропогениро, ки аз фаъолияти хоҷагидории инсон сарчашма мегиранд, дар бар мегирад.
Пайомадҳои ин раванд дар баланд шудани ҳарорати миёнаи сайёра, тағйир ёфтани реҷаи боришот, зиёд шудани шиддат ва басомади офатҳои табиӣ, инчунин таназзули экосистемаҳои табиӣ зоҳир мегарданд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






